Ёрии миллионии соҳибкорони Ворух ба қурбониёни зарардидаҳои даргириҳои марзӣ

Соҳибкорони бурунмарзии ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ба хонаводаҳои қурбониён ва хисоротдидаи даргириҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел 1 миллиону 700 ҳазор рубл ва як соҳибкори дигар ба таври ҷудогона 510 ҳазор сомонӣ маблағ ирсол кардаанд. Умдатан инҳо  соҳибкороне будаанд, ки  дар шаҳрҳои Русия бо тиҷорат машғуланд. Зубайдулло Шомадов, масъули дафтари матбуоти шаҳрдори Исфара дар суҳбат бо “Азия-Плюс” […]

Соҳибкорони бурунмарзии ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ба хонаводаҳои қурбониён ва хисоротдидаи даргириҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел 1 миллиону 700 ҳазор рубл ва як соҳибкори дигар ба таври ҷудогона 510 ҳазор сомонӣ маблағ ирсол кардаанд.

Умдатан инҳо  соҳибкороне будаанд, ки  дар шаҳрҳои Русия бо тиҷорат машғуланд.

Зубайдулло Шомадов, масъули дафтари матбуоти шаҳрдори Исфара дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт ин соҳибкорон дар замони хуруҷи коронавирус низ 1,5 миллион сомонӣ маблағ барои харидорӣ, овардани доруворию таҷҳизоти тиббӣ, таъмири беморхонаи деҳа, сохтмони ҳаммом, ҳоҷатхона ва ҷомашуихона фиристода буданд. Ӯ гуфт баъди даргириҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел, ки даҳҳо қурбониву захмӣ бар ҷой гузошт соҳибкорони ворухӣ гуфтаанд хонаводаи онҳоро дар Исфараву Хатлон ва дигар манотиқи кишвар, ки ҷони худро дар ҳифзи марзи Чоркӯҳу Ворух аз даст доданд ё захмӣ шуданд танҳо намегузоранд.

“Соҳибкорони Ворух аз шаҳрҳои Русия ба 14 хонавода, ки аз ин 10-хонавода дар даргириҳои ахири моҳи апрел пайвандонашон қурбон шуданд ва 4 хонавода, ки наздиконашон дар солҳои пеш кушта шуда буданд 100 ҳазор рубли русӣ, ба 9 хонаводаи захмишудаҳо шуда аз 20 то 50 ҳазор рубли русӣ кӯмаки молӣ фиристоданд, ки мо онро супоридем”-

Ба гуфтиаи ӯ инчунин рӯзе пеш, 6-уми май як соҳибкори Ворух аз Русия ба 19 хонаводаи қурбониёни муноқишаи марзӣ, ки аз Чоркӯҳу Ворух, Хатлон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон буданд 510 ҳазор сомонӣ кӯмаки пулӣ интиқол додааст.

“Аз ин маблағ ба хонаводаи ҳар 19 нафар қурбонӣ  15 ҳазор сомонӣ, ба 33 хонаводаи захмишудаҳо 5 ҳазор сомонӣ ва ба оилаи 6 нафар, ки дар ҳолати вазнини захмиву бистарӣ ҳастанд 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкор  Сорбон Савриддинов фиристода шудааст”. 

Чанд рӯз пештар низ Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи қурбониёни даргириҳои марзӣ 70 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ расонида буд ва ба 87 захмии ин даргириҳо аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ ёрии моли расонида шудааст.

Бино ба маълумоти расмие, ки дафтари мартбуоти раиси вилояти Суғд дар як хабарномаи расмӣ нашр карад шумори кушташудаҳои Тоҷикистон  дар даргириҳои марзӣ 19 нафар ва шумори захмиҳо 87 нафар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.