Мақомот мегӯяд, Қирғизистон дар чанд рӯзи ахир беш аз 40 шаҳрванди Тоҷикистонро рондааст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар чанд рӯзи ахир Қирғизистон 42 шаҳрванди кишвари моро аз қаламрави худ берун кардааст. Инҳо сокинони ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) ва бештарашон донишҷӯ будаанд. Дар ин бораи Радиои "Озодӣ" бо такя ба мақомҳои маҳаллӣ дар ин ноҳияи шарқии Тоҷикистон хабар медиҳад.  Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар расонаҳои Қирғизистон навишта буданд, ки […]

Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар чанд рӯзи ахир Қирғизистон 42 шаҳрванди кишвари моро аз қаламрави худ берун кардааст. Инҳо сокинони ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) ва бештарашон донишҷӯ будаанд. Дар ин бораи Радиои "Озодӣ" бо такя ба мақомҳои маҳаллӣ дар ин ноҳияи шарқии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар расонаҳои Қирғизистон навишта буданд, ки Тоҷикистон шаҳрвандони Қирғизистонро аз ин ноҳия ихроҷ мекунад. Аммо мақомоти ноҳияи Лахш ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мавридҳои ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон аз Тоҷикистонро рад мекунанд. 

Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш ба "Озодӣ" гуфтааст, ки худаш барои суҳбат ва қабули шаҳрвандони беруншуда аз Қирғизистон ба гузаргоҳи марзӣ рафта буд.

“Онҳоро аз ташхиси коронавирус гузаронидем. Ба хонаҳояшон рафтанд. Як зану шавҳар бо кӯдаки худ омаданд, дигарон донишҷӯ буданд. Панҷ нафаре низ ҳастанд, ки душаҳрвандӣ доранд", – гуфтааст Баротзода рӯзи 6-уми май.

Мақомот дар ноҳияи Лахш гуфтанд, ин афродро рӯзҳои 3, 4 ва 6-уми май қабул кардаанд.

Ҷониби Қирғизистон сабаби ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони душаҳрвандиро расман шарҳ надодааст. Як манбаъ дар мақомоти Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳоро "бо ҳадафи гирифтор нашудан ба бемории коронавирус ва пеш аз эълони карантин" гусел кардаанд.

Фирӯз Немаров, донишҷӯи тоҷик, ки аз Қирғизистон ихроҷ шудааст, рӯзи 6-уми май ба "Озодӣ" гуфтааст, онҳоро барои бадтар шудани вазъи паҳншавии коронавирус ҷавоб доданд. “Гуфтанд, ҳар вақте вазъият хуб шуд, мегӯем, ки биоед". Аммо Некрӯз Аброров, донишҷӯи дигари ихроҷшуда, гуфтааст, ки соли гузашта вазъи паҳншавии коронавирус бадтар буд, аммо касе онҳоро берун накарда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар чанд рӯзи охир расонаҳои Қирғизистон аз берун шудани шаҳрвандони ин кишвар аз Тоҷикистон хабар медиҳанд. Eurasia Today, АкиПресс ва 24.kg хабар доданд, ки дар ноҳияи Лахш тафтиши шиноснома оғоз шудааст ва шаҳрвандони Қирғизистонро аз Тоҷикистон меронанд. 

Аз ҷумла, 24.kg навиштааст, ки “ҳатто ба баъзе фурсати ғундоштани чизу чораашонро надодаанд”. Дар хабарҳое, ки расонаҳои қирғизӣ нашр кардаанд, аз ҳеч шахсе ном бурда намешавад ва омори дақиқи ихроҷи шаҳрвандон гуфта нашудааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, аз ин масъала хабар доранд ва онро зери назорат гирифтаанд,- навиштааст "Озодӣ".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.