ВКД маълумоти расонаҳои Қирғизистон дар мавриди ихроҷи қирғизҳо аз Тоҷикистонро рад кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти васоити ахбори умуми Қирғизистонро дар бораи истирдоди қирғизҳои этникӣ, ки дар ноҳияи Лахш зиндагӣ мекунанд, рад кард. Вазорат маълумоти дар сомонаҳои Қирғизистон нашршударо нодуруст ва ғайривоқеӣ унвон кард. “Далелҳои дар маълумоти ВАО-и Қирғизистон зикршуда асоси воқеӣ надоранд. Дар ноҳияи Лахш ҳақиқатан ҳам қирғизҳои этникии дорои ду шаҳрвандӣ иқомат доранд. Ин […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти васоити ахбори умуми Қирғизистонро дар бораи истирдоди қирғизҳои этникӣ, ки дар ноҳияи Лахш зиндагӣ мекунанд, рад кард.

Вазорат маълумоти дар сомонаҳои Қирғизистон нашршударо нодуруст ва ғайривоқеӣ унвон кард.

“Далелҳои дар маълумоти ВАО-и Қирғизистон зикршуда асоси воқеӣ надоранд. Дар ноҳияи Лахш ҳақиқатан ҳам қирғизҳои этникии дорои ду шаҳрвандӣ иқомат доранд. Ин падидаи маъмулӣ аст. Аммо ягон хел ҳолати шадидтар кардани назорати шиносномавӣ ва ихроҷ (истирдод)-и шаҳрвандон вуҷуд надорад”, – изҳор доштанд дар маркази матбуоти ВКД-и кишвар.

ВКД Тоҷикистон аз намояндагони ВАО дархост намуд, ки “аз мушкилтар кардани вазъияти бе ин ҳам шиддатнок худдорӣ варзида, хабарҳои нодурусту носанҷидаро нашр накунанд”.

Дастрас намудани шарҳи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва ҳукумати ноҳияи Лахш оид ба ин масъала ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд.

Дар ҳамин ҳол, ВАО-и Қирғизистон менависанд, ки Тоҷикистон ба истирдоди сокинони ноҳияи Лахши дорои шиносномаи Қирғизистон оғоз кардааст.

“Касонеро, ки шаҳрвандии Қирғизистон доранд, ба маркази ноҳия бурда, талаб мекунанд, ки таъҷилан аз шиносномаи қирғизӣ даст кашанд ва шаҳрвандии Тоҷикистонро гиранд. Касонеро, ки ба ин розӣ намешаванд, тариқи гузаргоҳи “Қарамиқ” дар ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ош ба Қирғизистон истирдод мекунанд. Онҳо ҳатто барои ҷамъ кардани чизҳои худ фурсат намеёбанд”, – навишта буд хабаргузории қирғизии 24.kg бо истинод ба сокинони маҳаллӣ.

Қобили зикр аст, ки ноҳияи Лахш ба ҳайати ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон дохил мешавад. Ин ноҳия 10 марти соли 1931 дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон бо номи ноҳияи Ҷиргатол таъсис ёфт. Соли 2016 ба ноҳияи Лахш табдили ном кард.

Лахши Тоҷикистон дар шимол бо вилояти Ботканд ва дар шарқ бо ноҳияи Чон-Олойи вилояти Оши Қирғизистон ҳамсарҳад аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.