Баъди Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистон ҳам ба Русия меравад

Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон бо Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар як суҳбати телефонӣ масъалаи даргириҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.  Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қирғизистон хабар додааст, ки ин суҳбати телефони бо ибтикори ҷониби Русия сурат гирифтааст, ки дар баробари табрики якдигар ба ифтихори солгарди рӯзи Ғалабаи Шӯравӣ бар фашизми Олмон, сарони Русияву Қирғизистон ҳамчунин даргириҳои […]

Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон бо Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар як суҳбати телефонӣ масъалаи даргириҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. 

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қирғизистон хабар додааст, ки ин суҳбати телефони бо ибтикори ҷониби Русия сурат гирифтааст, ки дар баробари табрики якдигар ба ифтихори солгарди рӯзи Ғалабаи Шӯравӣ бар фашизми Олмон, сарони Русияву Қирғизистон ҳамчунин даргириҳои марзиро низ ба баҳс кашидаанд.  

Бино ба иттилои манбаъ, "Владимир Путин гуфт, Русия омодааст, ки барои рафъи оқибатҳои муноқишаи марзӣ ба Қирғизистон кумак кунад".

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навиштааст, Содир Ҷабборов дар охири моҳи май бо сафари корӣ ба Маскав меравад ва дар он ҷо "масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё, инчунин, таъмини амнияти минтақа" баррасӣ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми май дар Маскав вохӯрда, дар бораи "рӯйдодҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон" низ суҳбат карданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Душанбе масоили марзиро бо Қирғизистон танҳо бо роҳи музокирот ҳал хоҳад кард.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд. Душанбеву Бишкек якдигарро ба сар задани муноқиша айбдор мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.