Ҳамсари Қадами Қурбонро сел бурд, вале наҷот ёфт. Аммо се ҳамсафараш қурбони сел шудаанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ҷонона Шамсиддинова ҳамсари 45 – солаи  Қадами Қурбон овозхони дар миёни ҷавонон ва шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфро низ, рӯзи 11-уми май дар минтақаи Кӯлоб сел бурдааст, ки хушбахтона наҷот ёфтааст. Тавре худи Қадами Қурбон ба «Азия-Плюс» гуфт, автомашинае, ки ҳамсараш дар он буд сабаб шудааст, ки ӯ зинда ба назди фарзандонаш баргардад. Аммо се ҳамсафари ӯро сел бурдааст, ки ҷасади якеро дирӯз пайдо карданд.

Қадами Қурбон илова кард, ки ҳамсараш барои хариди маҳсулоти дастархони Иди Рамазон ба бозор рафта буд ва дар роҳи деҳаи Чагам сел автомашинаи онҳоро бурдааст. Дар натиҷа пойҳо ва камари Шамсиддинова ҷароҳат бардоштааст.

«Дар мошин боз се нафари дигар будаст, ки мутаассифона онҳо ҳалок шуда, ҳамсари ман зинда мондааст. Худоро шукр, ки соқу саломат ба назди фарзандонаш омад. Ҳоло вазъи саломатияш хуб аст, пойҳо ва миёнаш камтар осеб диданд, вале сахт тарсидааст. Боз рӯзадор аст, хоҳиш кардем рӯзаро бихур то қувват бигирӣ, не мегӯяд», – илова кард Қадами Қурбон.

Ин овозхон гуфт, ки ба хонаводаи ҳамаи қурбониёни рӯзҳои ахир, аз ҷумла он се нафаре, ки ҳамсафари ҳамсараш будаанд, изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳалокати ин се нафарро тасдиқ карда, онҳоро 39-сола, 29-сола ва 20-сола гуфтааст, аммо шахсияташонро ошкор накардааст.

Қадами Қурбон гуфт, ки роҳҳои деҳаи Чагам вайрона буда, ҳамасола мардум ба мушкилоти зиёде дучор мешаванд ва ин роҳҳо ба  таъмиру таваҷҷуҳи ҷиддӣ ниёз доранд. 

Бояд гуфт, ки боронҳои шадид ва селхезиҳои рӯзи 11-уми май  то кунун 8 қурбонӣ доштаву ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хисороти бузурге ба мардум расонидаанд.

Хабарнигори "Азия-Плюс" аз Кӯлоб хабар медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кӯлоб ҷалсаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурявӣ, ки барои рафъи оқибатҳои селхезиҳои ахир ташкил шудааст, таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода ва раисони КДАМ, ВКД, КҲФ, вазири нақлиёт, раиси вилояти Хатлон ва раисони ниҳодҳову шаҳру ноҳияҳои дигар ҷараён дорад.

То ин вақт Кумитаи ҳолатҳои фавқулода марги се сокини шаҳри Кӯлоб, се сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва як сокини шаҳри Ҳисор ва як сокини ноҳияи Кушониёнро бар асари селхезиҳову борони шадиди дирӯз расман тасдиқ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...