35 нафар дар Фаластину 5 нафар дар Исроил кушта шудааст. Даргириҳо идома доранд

Шумораи қурбониёни фаластинӣ дар даргириҳои нави Исроил бо Фаластин ба 35 нафар расид. Расонаҳо ҳамчунин аз 5 қурбонии ҷониби Исроил ҳам хабар медиҳанд.  Даргириҳои нав миёни Исроилу Фаластин дар пасманзаи он  сар заданд, ки мақомот мехоҳанд чанде аз хонаҳои фаластиниёнро аз шаҳраки Шайх Ҷарроҳи Ӯрушалим (Йерусалим) бикӯчонанд. Ҳамчунин монеъагузорӣ барои рафтан ба  Кӯҳи Маъбад ё […]

Asia-Plus

Шумораи қурбониёни фаластинӣ дар даргириҳои нави Исроил бо Фаластин ба 35 нафар расид. Расонаҳо ҳамчунин аз 5 қурбонии ҷониби Исроил ҳам хабар медиҳанд. 

Даргириҳои нав миёни Исроилу Фаластин дар пасманзаи он  сар заданд, ки мақомот мехоҳанд чанде аз хонаҳои фаластиниёнро аз шаҳраки Шайх Ҷарроҳи Ӯрушалим (Йерусалим) бикӯчонанд. Ҳамчунин монеъагузорӣ барои рафтан ба  Кӯҳи Маъбад ё Ҳарами Қудси Шариф ба далели тасодуф афтодани Рӯзи Ӯрушалим ба моҳи Рамазонро низ яке аз далелҳои ин даргириҳо медонанд. 

Имрӯз қарор аст Шӯрои амнияти СММ ба барраси вазъи минтақа бар пайи даргириҳои нави Исроилу Фаластин бипардозад, хабар медиҳад The Jerusalem Post бо истинод ба манбаъҳояш дар мақомҳои дипломатӣ.

Рӯёрӯии кунунӣ миёни фаластиниҳо ва Исроил яке аз сахттарин даргирии низомӣ миёни ду тараф дар солҳои ахир мебошад. То субҳи чаҳоршанбе Исроил садҳо ҳамлаи ҳавоӣ ба Ғаза анҷом дод ва дар муқобил Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос) ва "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластин низ ба Телавив ва дигар шаҳрҳои Исроил садҳо мушак партоб карданд.

Артиши Исроил субҳи чаҳоршанбе эълон кард, ки дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар ба манзили раҳбарони "Ҳамос" дар Ғаза, ду масъули ниҳоди истихборотии ин гуруҳ кушта шуданд.

Гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" дар Ғаза ҳам эълон кард, ки 100 мушак ба тарафи Исроил партоб кардааст. "Ҷиҳоди исломӣ" дар баёнияе гуфтааст, соати панҷи субҳи рӯзи чаҳоршанбе ҳамлаи қавиеро алайҳи Исроил анҷом доданд. "Ҳамос" ҳам гуфтааст, ки 130 мушак ба самти Телавив — пойтахти Исроил партоб кардааст. Дар умум дар як шабонарӯзи охир аз ҳудуди Фаластин ба сӯи Исроил бештар аз 600 мушак партоб шудааст.

Артиши Исроил дар навбати худ ба бештар аз 100 иншооти низомии Фаластин ҳамла кардааст. Қисме аз ин иншоот дар наздикии манзилҳои зист қарор доштанд. Шоми рӯзи сешанбе расонаҳои фаластинӣ аз даҳҳо кушта ва чанд манзили тахрибшуда хабар доданд.

Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғаза низ гуфтааст, дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил 35 нафар, аз ҷумла 12 кӯдак ва 3 зан ҷон бохта, 233 тан низ захмӣ шуданд.

Ба далели мушакборон фурудгоҳи шаҳри Телавив муваққатан баста шуда ва ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи шаҳри Қоҳираи Миср ирсол мешаванд.

Дар ҳамин ҳол ҷомеаи байналмилалӣ низ хостори хештандории тарафҳои даргир шудааст.

Вазъи минтақа дар рӯзҳои охир баъди он бад шуд, ки чанд хонаводаи арабро аз ноҳияи Байтулмуқаддаси Шарқӣ маъмурони исроилӣ тасмим гирифтанд, ки кӯчонанд. Ин эътирози фаластиниҳоро ба бор овард. Шоми 7-уми май онҳо сӯи кормандони пулиси Исроил сангу оҳанпора ва зарфҳои плостикӣ ҳаво доданд.

Барои оромиши вазъ пулис вуруди мусалмонҳоро ба масҷиди Ал-Ақсо манъ кард. Ба навиштаи расонаҳои фаластинӣ, пулиси Исроил мусалмонҳоро бо тирҳои резинӣ ҳадаф қарор дода, норинҷакҳои садоафкан партофтааст. Баъди чанде пулис масҷидҳоро муҳосира ва мусалмонҳоро иҷборан аз он берун кард.

Қарори додгоҳ дар бораи кӯчонидани фаластиниҳо бекор шуд, аммо нооромӣ ҳамоно идома кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.