Бонки авруосиёии рушд боз муҳоҷиронро омили асосии рушди иқтисодии Тоҷикистон номид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба туфайли афзоиши талаботи истеъмолӣ ва сармоягузорӣ фаъолмандии иқтисодӣ дар Тоҷикистон тақвият меёбад, зикр мегардад дар гузориши нави макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР).

Коршиносони БАОР бар ин назаранд, ки интиқоли маблағ ба кишвар аз ҷониби муҳоҷирони корӣ яке аз омилҳои асосии суръат гирифтани рушди иқтисодиии кишвар мебошад.

“Дар шароити оғози пандемия ва коҳиши фаъолмандии иқтисодӣ дар кишварҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҳо кор мекарданду имконоти равуо байни кишварҳо маҳдуд буд, интиқоли маблағ дар семоҳаи дуюми соли 2020 босуръат (21,3%) кам шуд. Дар 9 моҳи соли 2020 ин ҷараёни манфӣ боқӣ монда, яке аз сабабҳои аслии коҳиши истеъмол ва сармоягузорӣ дар ин давра шуд”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Аммо дар семоҳаи IV, зикр мекунанд иқтисодчиёни БАОР, интиқоли маблағҳо ба таври назаррас афзоиш ёфта, поинравии солонаро то 5,9% кам кард. “Ин яке аз омилҳои суръат гирифтани рушди иқтисоди кишвар тайи моҳҳои ахир гардида, ба дастгирӣ дар семоҳаи I идома дод”, – навиштаанд таҳлилгарон.

Дар гузориш бо такя ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки соли 2020 маблағи интиқолдодаи муҳоҷирон ба ҷумҳурӣ 1 млрд 537,8 млн долларро ташкил додааст, ки 95 млн доллар камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Бонки марказии Русия хабар дода буд, ки соли 2020 шахсони воқеӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон 1 млрд 741 млн доллар (соли 2019 – 2 млрд 576 млн доллар) фиристодаанд.

Дар гузориши БАОР зикр мегардад, ки дар семҳаи 1-уми соли равон нишондиҳандаи рушди иқтисоди Тоҷикистон 7,5%-ро ташкил дода, дар семоҳаи 2-юм аз болоравии рушди иловагӣ интизорӣ меравад.

“Ин суръатгирӣ ба коҳиши хеле зиёд давоми моҳҳои апрел-июни соли гузашта бар асари мавҷи аввали пандемия вобаста буда, муваққатӣ хоҳад буд. Минбаъд ҷараёни рушди иқтисод рӯзафзун гардида, лекин нишондиҳандаҳои он муътадил мешаванд”, – илова кардаанд коршиносони Бонк.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...