Бонки авруосиёии рушд боз муҳоҷиронро омили асосии рушди иқтисодии Тоҷикистон номид

Ба туфайли афзоиши талаботи истеъмолӣ ва сармоягузорӣ фаъолмандии иқтисодӣ дар Тоҷикистон тақвият меёбад, зикр мегардад дар гузориши нави макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР). Коршиносони БАОР бар ин назаранд, ки интиқоли маблағ ба кишвар аз ҷониби муҳоҷирони корӣ яке аз омилҳои асосии суръат гирифтани рушди иқтисодиии кишвар мебошад. “Дар шароити оғози пандемия ва коҳиши фаъолмандии иқтисодӣ […]

Ба туфайли афзоиши талаботи истеъмолӣ ва сармоягузорӣ фаъолмандии иқтисодӣ дар Тоҷикистон тақвият меёбад, зикр мегардад дар гузориши нави макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР).

Коршиносони БАОР бар ин назаранд, ки интиқоли маблағ ба кишвар аз ҷониби муҳоҷирони корӣ яке аз омилҳои асосии суръат гирифтани рушди иқтисодиии кишвар мебошад.

“Дар шароити оғози пандемия ва коҳиши фаъолмандии иқтисодӣ дар кишварҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҳо кор мекарданду имконоти равуо байни кишварҳо маҳдуд буд, интиқоли маблағ дар семоҳаи дуюми соли 2020 босуръат (21,3%) кам шуд. Дар 9 моҳи соли 2020 ин ҷараёни манфӣ боқӣ монда, яке аз сабабҳои аслии коҳиши истеъмол ва сармоягузорӣ дар ин давра шуд”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Аммо дар семоҳаи IV, зикр мекунанд иқтисодчиёни БАОР, интиқоли маблағҳо ба таври назаррас афзоиш ёфта, поинравии солонаро то 5,9% кам кард. “Ин яке аз омилҳои суръат гирифтани рушди иқтисоди кишвар тайи моҳҳои ахир гардида, ба дастгирӣ дар семоҳаи I идома дод”, – навиштаанд таҳлилгарон.

Дар гузориш бо такя ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки соли 2020 маблағи интиқолдодаи муҳоҷирон ба ҷумҳурӣ 1 млрд 537,8 млн долларро ташкил додааст, ки 95 млн доллар камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Бонки марказии Русия хабар дода буд, ки соли 2020 шахсони воқеӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон 1 млрд 741 млн доллар (соли 2019 – 2 млрд 576 млн доллар) фиристодаанд.

Дар гузориши БАОР зикр мегардад, ки дар семҳаи 1-уми соли равон нишондиҳандаи рушди иқтисоди Тоҷикистон 7,5%-ро ташкил дода, дар семоҳаи 2-юм аз болоравии рушди иловагӣ интизорӣ меравад.

“Ин суръатгирӣ ба коҳиши хеле зиёд давоми моҳҳои апрел-июни соли гузашта бар асари мавҷи аввали пандемия вобаста буда, муваққатӣ хоҳад буд. Минбаъд ҷараёни рушди иқтисод рӯзафзун гардида, лекин нишондиҳандаҳои он муътадил мешаванд”, – илова кардаанд коршиносони Бонк.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.