Сармоягузории Чин ба Тоҷикистон аз 3 млрд доллар зиёд шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2020 ҳаҷми сармоягузории андӯхтаи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3 млрд 15 млн сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.

Соли 2020 аз Чин ба Тоҷикистон 152 млн доллар сармоя ворид шудааст, ки 120 млн доллараш сармоягузориҳои мустақим мебошад.

Ҳиссаи сармоягузории Чин ба иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли гузашта 35,5% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷалбшудаи хориҷиро ташкил медиҳад.

Соли 2020 вуруди сармояи хориҷӣ дар маҷмӯъ 428,4 млн долларро ташкил дод, ки 162,5 млн доллараш сармоягузориҳои миустақим ва 265,9 млн доллар – дигар сармоягузориҳо (қарзҳои имтиёзнок ва дигар маблағгузориҳо) мебошанд.

Қобили зикр аст, ки сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон аз нимаи дуюми солҳои 2000-ум оғоз шуданд.

Сармоягузориҳои аввалин ва нисбатан бузург аз Чин ба Тоҷикистон соли 2007 баъди имзои Шартномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳо сурат гирифтанд.

Сармоягузориҳои бештар назарраси Чин пас аз ҳаллу фасли масоили марбут ба қаламрав байни ҳар ду кишвар дар соли 2011 амалӣ шуд.

Давоми солҳои 2007-2020 ба рушди иқтисоди Тоҷикистон аз 65 кишвари саросари дунё зиёда аз 10,3 млрд доллар сармоягузорӣ ҷалб шуд, ки ҳудуди 30%-и он ба Чин рост меояд.

Дар ин давра аз Русия 1,6 млрд, ИМА – 703 млн, Британияи Кабир – 694 млн ва Қазоқистон – 577 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб шудааст.

Сармоягузориҳои Чин қариб дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон ба мушоҳида расида, ба соҳаҳои иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, алоқа, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, электроэнергетика, зербино саноати кимиё ва нассоҷӣ, инчунин бахши кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ афзалият дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...