Баъди қазияи гаравгонгирӣ раисони Суғду Ботканд чӣ тасмим гирифтанд?

Шоми 17 май вохӯрии раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Абдикарим Алимбаев доир гардида, дар он ҳодисаи марбут ба гаравгонгирӣ баррасӣ шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд. Ба гуфтаи манбаъ, вохӯрии ҷонибҳо соати 20:00 оғоз гардида, то нимашаб давом кард. Дар гуфтушунид роҳбарони мақомоти […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Шоми 17 май вохӯрии раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Абдикарим Алимбаев доир гардида, дар он ҳодисаи марбут ба гаравгонгирӣ баррасӣ шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, вохӯрии ҷонибҳо соати 20:00 оғоз гардида, то нимашаб давом кард. Дар гуфтушунид роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳукуқи ҳар ду минтақа низ ширкат варзиданд.

“Раисони вилоятҳо ҳодисаи марбут ба гаравгонгириро баррасӣ намуданд. Бо қарори тарафҳо, дар чорраҳаи байни ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ва деҳаи Оқ-Сойи Қирғизистон барои таъмини амнияти шаҳрвандоне, ки байни ин ду деҳот равуо мекунанд, постгоҳи муштараки милитсия ташкил карда мешавад. Инчунин дар қитъаҳои хатарноки сарҳад посбонии муштараки марзбонон роҳандозӣ мешавад”, – хабар дод манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки 17 май сокинони деҳаи Оқ-Сой се шаҳрванди Тоҷикистонро нахуст лату кӯб карда, сипас бо ёрии сарҳадбонони қирғиз онҳоро гаравгон гирифтанд. Дар навбати худ, сокинони Ворух низ се шаҳрванди Қирғизистонро гаравгон гирифтанд. Баъдан табодул ё худ ивази гаравгонон сурат гирифт.

Раисони вилоятҳо ҳамчунин дар бораи кори муштарак баҳри роҳ надодан ба такрор шудани ҳодисаҳои пешина дар минтақаи наздисарҳадӣ ва таъмини амнияти ҷомеа дар минтақа тавофуқ ҳосил намуданд.

“Раисони вилоятҳо ҳамроҳи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор карданд, ки ҳар ҳафта дар сарҳад вомехӯранд, то ки ба масоили пайдошуда дар маҳалҳои наздимарзӣ фавран расидагӣ кунанд”, – иброз дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, роҳи Ворух-Хоҷаи Аъло-Исфара айни замон барои ҳаракати нақлиёт кушода аст.

Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ хабар доданд, ки роҳ баста набуд, лекин ҳамсояҳои қирғиз ба сӯйи мошинҳои Тоҷикистон, ки тариқи Оқ-Сой мегузаштанд, сангпартойӣ карданд.

“Дирӯз то ҳодисаи марбут ба гаравгонон ва баъди он сокинони Оқ-Сой ба сӯйи мошинҳои аҳолии Ворух сангпартойӣ карданд, ки дар натиҷа тирезаҳои чанде аз автомашинаҳо шикаст. Аз ин рӯ, ҳукумати мо бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон тасмим гирифт, ки бо ин роҳ мошинҳоро муваққатан роҳ намедиҳад”, – иттилоъ доданд ба “Азия-Плюс” сокинони маҳаллӣ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон вазъият амну субот буда, аз субҳ мошинҳо тариқи роҳи Ворух-Исфара бемамониат равуо доранд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрел бар асари задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳар ду тараф зиёда аз 50 нафар ҳалок ва беш аз 300 кас осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.