ВМКБ: ҳалокати 2 нафар бар пайи сарозер шудани “ГАЗ-53” ба дарё

Бар асари садамаи нақлиёт дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 нафар ҳалок ва боз ду каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса шаби рӯзи 17 май дар қаламрави ноҳияи Роштқалъа рух додааст. Ронандаи автомашинаи боркаши “ГАЗ-53”, сокини 45-солаи маҳаллӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа он ба […]

Бар асари садамаи нақлиёт дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 нафар ҳалок ва боз ду каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса шаби рӯзи 17 май дар қаламрави ноҳияи Роштқалъа рух додааст. Ронандаи автомашинаи боркаши “ГАЗ-53”, сокини 45-солаи маҳаллӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа он ба дарё чаппа мешавад.

“Бар асари ҷароҳатҳои бардошта ду мусофири автомашина – мардони соли таваллудашон 1977 ва 1970 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Ду мусофири дигари автомашинаи боркаш – як марду як зан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Доир ба вазъи солимии ронандаи автомашинаи боркаш дар маълумоти ВКД чизе гуфта намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.