Қарордоди 100 миллиондолларии ширкатҳои Тоҷикистону Қазоқистон

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид байни ширкатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки 17 май дар Душанбе доир гардид, 5 санад ба имзо расид. Тавре ҶС “Центр развития торговой политики “QazTrade” хабар медиҳад, байни ҷонибҳо, аз ҷумла 3 қарордод дар бораи таҳвили маҳсулот аз Қазоқистон ва 2 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи умумии то 100 млн доллар ба тасвиб расидааст. […]

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид байни ширкатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки 17 май дар Душанбе доир гардид, 5 санад ба имзо расид.

Тавре ҶС “Центр развития торговой политики “QazTrade” хабар медиҳад, байни ҷонибҳо, аз ҷумла 3 қарордод дар бораи таҳвили маҳсулот аз Қазоқистон ва 2 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи умумии то 100 млн доллар ба тасвиб расидааст.

Сафари ҳайати ширкатҳои Қазоқистон ба Тоҷикистон то 21 май идома меёбад. Вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои раҳбарияти ширкати QazTrade бо намояндагони боз як қатор сохторҳои давлатӣ ва тоҷирони Тоҷикистон дар назар аст.

Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2020 дар гардиши савдои дуҷониба бо Тоҷикистон Қазоқистон пас аз Русия зинаи дуюмро ишғол кард.

Ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Қазоқистон 910 млн долларро ташкил дод, ки 757 млн доллар ба воридоти молу маҳсулот аз Қазоқистон ва 152 млн доллар ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо 271 млн долларро ташкил дод, аз ҷумла ба маблағи 197 млн доллар воридоти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон.

Қазоқистон инчунин яке аз сармоягузорони асосӣ ба Тоҷикистон дониста шуда, аз лиҳози маблағгузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ пас аз Чину Русия дар зинаи сеюм қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.