Боз ҷанҷоли марзӣ дар Ворух: боздошту табодули шаҳрвандони асиргирифта

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Субҳи имрӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷанҷоли нави марзӣ сар задааст, ки бар пайи он ҷонибҳо се нафарӣ шаҳрванди якдигарро боздошт ва баъдан табодул кардаанд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи "Тоҷикон"-и ҷамоати Ворух хабар дод. 

Ин мақоми маҳаллӣ мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз он ки ба асорат гирифта шаванд лату кӯб шудаанд. "Шаҳрвандони мо аз Ворух ба Исфара мерафтанд ва бо далелҳои инфиродӣ хостанд, ки дубора ба Ворух баргарданд ва дар деҳаи Оқ-Сойи Қирғизистон аз мусофирбар пойин фаромаданд. Онҳо ду нафар буданд. Дар ҳамин замон бошандагони Оқ-Сой онҳоро лату кӯб мекунанд. Инро сокини дигари Тоҷикистон, ки каме дуртар аз чорроҳа қарор доштааст мебинад ва мехоҳад, ки ёрӣ расонад. Дар натиҷа ба ҷойи ёрӣ, марзбонони қирғиз ҳамаро ба асорат мегиранд",-хабар дод Ғафур Ҷӯраев.

Ба назари вай "ҷониби Қирғизистон ин корҳоро амдан мекунад, то музокиротро қатъ кунаду созишҳои ҳосилшударо риоя накунад".

Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Бодканд Абдукарим Алимбоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ –  «Радио Азаттик» гуфтааст, ки имрӯз ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон ҳам, вақте аз мавзеи Тамдик бармегаштанд, боздошт шудаанд.

«Дар деҳаи Оқ-Сой се шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳ ба сӯйи Қирғизистон боздошт шуданд. Ҳамзамон бо ин ҷониби Тоҷикистон се шаҳрванди Қирғизистонро, ки аз роҳи Тамдик ба Оқсой мерафтанд боздошт кард. Онҳоро  шҳарвандони Тоҷикистон манъ карда а боздошт мекунанд. Музокироти дуҷониба бо ҳузури марзбонон ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд. Мо ҳамаи мавзуъро таҳқиқ мекунем, ки оё шаҳрвандонро  марзбонон боздошт карданд ё сокинон, бар асоси кадом санад онҳоро боздошт карданд ва ғ.",-гуфтааст Алимбоев.

Тавре  24.kg хабар медиҳад, бино ба маълумоти пешакӣ шаҳрвандони Қирғизистон лату кӯб шудаанд ва дар ҳоли ҳозир мавзуъи бистарӣ кардани онҳо ҳал мешудааст.

Даргириҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 29-уми апрел оғоз шуд, ки аз ҷанҷоли миёни сокинон ба даргириҳои мусаллаҳон кашид, ки аз ҳар ду тараф беш аз 50 нафар куштаву наздик ба 300 нафар захмӣ шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...