Мусодираи беш аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетамин дар Душанбе

Date:

Дар Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҷараёни амалиёти махсус зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетамин мусодира шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигаҳдории ин мавод сокини шаҳри Ҳисор Саидраҳмон Абдуғаффорзодаи 39-сола боздошт ва аз автомашинаи ӯ 983 грамм маводи нашъаовар дарёфт шудааст.

“Дар ҷараёни чорабиниҳои минбаъдаи фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ҳаммаслак ва ҳамдиёри ӯ – Ҳошимҷон Зокирови 43-сола боздошт шуда, аз ӯ 6 килову 210 грамм маводи психотропии метамфетамин дарёфт ва мусодира шуд”, – омадааст дар маълумоти маркази матбуоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, вазни умумии маводи нашъаовари мусодирагардида 7 килову 393 граммро ташкил медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Боздоштшудагон ният доштаанд, ки “мол”-ашонро дар Душанбе фурӯшанд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Метамфетамин- яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, он намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки шиддатнокии қавитар ва зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводҳои нашъаовар дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...