Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Владимир Путин президенти Русия бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 19 май дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар Душанбе изҳори назар кард. Ин хабарро ТАСС нашр кардааст. Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи сафари Путин коркард мешавад ва дар назар аст, […]

Владимир Путин президенти Русия бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 19 май дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар Душанбе изҳори назар кард. Ин хабарро ТАСС нашр кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи сафари Путин коркард мешавад ва дар назар аст, ки сафар дар даҳаи дувуми сентябр сурат бигирад. 

Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир "нуктаи асосии дастури кори равобити дуҷониба омодагӣ ва баргузории сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон" ба ҳисоб меравад.

"Ҳукумат ва ниҳодҳои ду кишвар, аллакай кор дар мавриди муҳтавои ин сафарро оғоз карданд ва ба таври табиӣ мо дар гуфтугӯҳои имрӯз ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ хоҳем кард",-гуфтааст Муҳриддин.

Ба навиштаи ТАСС раиси ниҳоди сиёсати берунаи Тоҷикистон ба ҳамкориҳои Душанбеву Маскав дар амри мубориза бо коронавирус бисёр баҳои баланд додааст.

Сафари Путин ба Тоҷикистон агар дар моҳи сентиябр воқеъ шавад, дақиқан дар замоне сурат мегирад, ки Тоҷикистон дар оғози сентябр 30-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил мекунад.

Ин сафар баъди он сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо раисҷумҳури хориҷие буд, ки 9-уми майи имсол дар ҷашнгирии 76-умин солгарди пирӯзӣ ба Олмони фашистӣ ба Маскав даъват шуд ва дар канори Путин дар паради низомие, ки ба ин муносибат доир шуд, ширкат кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".