Мусодираи беш аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетамин дар Душанбе

Дар Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҷараёни амалиёти махсус зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетамин мусодира шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигаҳдории ин мавод сокини шаҳри Ҳисор Саидраҳмон Абдуғаффорзодаи 39-сола боздошт ва аз автомашинаи ӯ 983 грамм маводи нашъаовар дарёфт шудааст. “Дар […]

Дар Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҷараёни амалиёти махсус зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетамин мусодира шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигаҳдории ин мавод сокини шаҳри Ҳисор Саидраҳмон Абдуғаффорзодаи 39-сола боздошт ва аз автомашинаи ӯ 983 грамм маводи нашъаовар дарёфт шудааст.

“Дар ҷараёни чорабиниҳои минбаъдаи фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ҳаммаслак ва ҳамдиёри ӯ – Ҳошимҷон Зокирови 43-сола боздошт шуда, аз ӯ 6 килову 210 грамм маводи психотропии метамфетамин дарёфт ва мусодира шуд”, – омадааст дар маълумоти маркази матбуоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, вазни умумии маводи нашъаовари мусодирагардида 7 килову 393 граммро ташкил медиҳад.

Боздоштшудагон ният доштаанд, ки “мол”-ашонро дар Душанбе фурӯшанд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Метамфетамин- яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, он намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки шиддатнокии қавитар ва зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводҳои нашъаовар дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".