Лавров гуфт Маскав хостори барқарор намудани тамосҳои ҳавоӣ бо Душанбе аст

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров имрӯз, дар Душанбе изҳор кард, ки Маскав мехоҳад ҳарчи зудтар тамосҳои ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кунад. “Мо хостори ҳарчи зудтар барқарор намудани хатсайрҳои доимӣ ҳастем, аз ҷумла барои ба таҳсил баргаштани донишҷӯёни тоҷик, ки қариб 20 ҳазор нафар буда, дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд”, – гуфт Лавров дар […]

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров имрӯз, дар Душанбе изҳор кард, ки Маскав мехоҳад ҳарчи зудтар тамосҳои ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кунад.

“Мо хостори ҳарчи зудтар барқарор намудани хатсайрҳои доимӣ ҳастем, аз ҷумла барои ба таҳсил баргаштани донишҷӯёни тоҷик, ки қариб 20 ҳазор нафар буда, дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд”, – гуфт Лавров дар нишасти матбуотӣ пас аз гуфтушунид бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикитсон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар Душанбе.

Ёдрас мекунем, ки ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways дар бораи хатсайрҳои чартерии кафолатнок ба Маскав эълон нашр кард, ки ба онҳо натанҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, балки Тоҷикистону Русия низ билет харида метавонанд.

Дар хабари кӯтоҳи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон гуфта мешавад, шумори ҷойҳо маҳдуд буда, дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид шуда метавонад. Ҷадвали хатсайрҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ низ қобили дарёфт аст.

Бо вуҷуди эълони аз 1 апрел барқарор шудани хатсайри доимӣ ва парвозҳои чартерӣ байни Тоҷикистону Русия, мардум ҳамарӯза бо мушкилот дар ин самт дучоранд. Билетҳо хеле гарон буда, агар одамон ҳатто онро харанд ҳам, бо ин хатсайр парвоз карда наметавонанд.

Чанде пеш Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон иҷозаи парвозро ба ширкатҳои ҳавопаймоии Nordwind ва S7 Airlines то поин бурдани нархи билет аз ҷониби онҳо то сатҳи муқарраршуда боздошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".