Uzbekistan Airways аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост тавассути Тошканд ба Маскав бираванд

Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways дар бораи хатсайрҳои чартерии кафолатнок ба Маскав эълон нашр кард, ки ба онҳо натанҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, балки Тоҷикистону Русия низ билет харида метавонанд. Дар хабари кӯтоҳи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон гуфта мешавад, шумори ҷойҳо маҳдуд буда, дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид шуда метавонад. Ҷадвали хатсайрҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ низ қобили дарёфт […]

Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways дар бораи хатсайрҳои чартерии кафолатнок ба Маскав эълон нашр кард, ки ба онҳо натанҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, балки Тоҷикистону Русия низ билет харида метавонанд.

Дар хабари кӯтоҳи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон гуфта мешавад, шумори ҷойҳо маҳдуд буда, дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид шуда метавонад. Ҷадвали хатсайрҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ низ қобили дарёфт аст.

Ба иттилои манбаъ, ба парвози шаҳрвандон аз шаҳрҳои Русия ба Ӯзбекистон танҳо бо пешниҳоди ҳатмии маълумотнома (справка) дар бораи гузаштан аз тести ПСР (на пештар аз 72 соат то парвоз гирифта шуда бошад) ва риояи реҷаи раводиди Ӯзбекистон иҷоза дода шудааст.

Мусофирон бидуни маълумотномаи ПСР (ба кӯдакони то 2-сола маълумотнома лозим нест) ба парвоз тариқи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоӣ роҳ дода намешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел Uzbekistan Airways дар бораи барқарор шудани хатсайрҳои доимӣ ба Маскав хабар дод.

Зикр гардида буд, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли 2021 ҳафтае як маротиба рӯзи шанбе бо хатсайри Тошканд-Маскав-Тошканд” парвози доимӣ анҷом дода мешавад.

Ба Тошканд бо автобус

Дар ҳамин ҳол, сафар ба шаҳри Тошканд ба наздикӣ бо автобус низ имконпазир мегардад.

Дар доираи ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта дар Тошканд байни идораҳои нақлиёти кишварҳо як қатор тавофуқот ҳосил шуд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати нақлиёт Тоҷикистон хабар медиҳад, аз ҷумла ҷонибҳо бобати дар ояндаи наздик кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мувофиқи талаботи карантин низ ба мувофиқа расидаанд. Дар бораи таърих ва вақти дақиқи ҳаракати автобусҳо байни кишварҳо чизе гуфта нашудааст.

Ҳамчунин миёни ҷонибҳо атрофи суръат бахшидан ба таҳияи лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи транзити молҳои хатарнок тавассути қаламрави Ӯзбекистон, имкони ташкили омӯзиш барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ва дар муассисаҳои таълимии касбии ҶСК "Ӯзбекистон Темир Юллари" барои мутахассисони соҳаи роҳи оҳан табодули назар сурат гирифт.

Сохторҳои соҳаи нақлиёти кишварҳо инчунин созиш ҳосил намуданд, ки долони автомобилгарди Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин бештар фаъолона истифода шавад.

Ёдрас мекунем, ки равуои автобусҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи марти соли 2020 бар асари пандемияи COVID-19 қатъ гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".