Нигаронии мақомот аз нодида гирифтани риояи талаботи беҳдоштӣ дар Хуҷанд

Роҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сокинон ва меҳмонони маркази вилоят риояи талаботи одии беҳдоштӣ (гигиена)-и ҷамъиятӣ ва шахсиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва макони сериздиҳом нодида мегиранд. Зимни як силсила вохӯриҳо бо роҳбарони маҳаллаву бахшҳои маориф ва тандурустӣ, марказҳои савдо ва бозор, инчунин сокинони шаҳр […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Роҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сокинон ва меҳмонони маркази вилоят риояи талаботи одии беҳдоштӣ (гигиена)-и ҷамъиятӣ ва шахсиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва макони сериздиҳом нодида мегиранд.

Зимни як силсила вохӯриҳо бо роҳбарони маҳаллаву бахшҳои маориф ва тандурустӣ, марказҳои савдо ва бозор, инчунин сокинони шаҳр ӯ дар бораи нишондиҳандаҳои омории ташвишовари марбут ба паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон, инчунин вазъият дар ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон маълумот дод, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд Маъмурхон Юсуфзод.

Ба гуфтаи Таҳмина Усмонова, ҳарчанд аз аввали сол дар Тоҷикистон дигар ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19  сабт нашуда бошад ҳам, Вазорати тандурустӣ ва ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру вилоят дар мавриди пешгирии мавҷи нави коронавирус тадбирҳо меандешанд.

Зикр шуд, ки дар доираи ин тадбирҳо кормандони тиббӣ, бахусус табибони оилавӣ бояд корҳои пешгирӣ ва таблиғотиро тақвият бахшанд. 

Ба гуфтаи роҳбари Марказ, инчунин раисони маҳаллаҳо ва кормандони соҳаи маориф бояд бо марказҳои солимӣ ҳамкориро ба роҳ монанд.

“Хавфи мавҷи нави COVID-19 то ҳол вуҷуд дораду аз байн нарафтааст. Ягона роҳи сироят наёфтан ба вирус роҳандозии чораҳои эҳтиёткориу пешгирӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи ниқоб ва маҳлулҳои зиддисептикӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ… мебошад. Хавфи гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирусро нодида гирифтан лозим нест, ин ба солимӣ ва ҳаёти инсон хатари зиёд дорад”, – илова кард Таҳмина Усмонова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.