Манижа ба даври финалии озмуни “Евровидение” роҳ ёфт

Намояндаи тоҷиктабори Русия Манижаи Сангин ба даври финалии озмуни мусиқии “Евровидение-2021” роҳ ёфт. Даври аввали финалии озмун шоми рӯзи сешанбе дар толори Ahoy дар Роттердам баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. “Намояндаи Русия ба даври финалӣ баромад”, – эълон карданд ровиён. Натиҷа аз рӯйи ҷамъбасти овоздиҳии ҳайати ҳакамон ва тамошобинони телевизиони кишварҳои […]

Asia-Plus

Намояндаи тоҷиктабори Русия Манижаи Сангин ба даври финалии озмуни мусиқии “Евровидение-2021” роҳ ёфт. Даври аввали финалии озмун шоми рӯзи сешанбе дар толори Ahoy дар Роттердам баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

“Намояндаи Русия ба даври финалӣ баромад”, – эълон карданд ровиён.

Натиҷа аз рӯйи ҷамъбасти овоздиҳии ҳайати ҳакамон ва тамошобинони телевизиони кишварҳои иштирокчии даври нимфиналӣ муайян карда шуд.

Тибқи натиҷаҳои даври аввали нимфиналӣ овозхонони  кишварҳои Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина (бо Манижа – 10 нафар) низ ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд.

Даври дуюми финалии озмун 20 май доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он боз 10 нафари дигар ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Даври финалии озмун рӯзи 22 май доир мегардад.

Намояндагони кишварҳои “Панҷгонаи бузург”-и “Евровидение” (кишварҳои муассиси озмун) – Фаронса, Олмон, Италия, Испания ва Британияи Кабир, инчунин овозхони кишвари ғолиб дар озмуни пешина – Нидерланд ба таври автоматӣ дар даври финалӣ иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.