Оғози кори нишасти вазирони хориҷаи СПАД дар Душанбе

Дар Душанбе, имрӯз нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД оғоз шуд. Барои ширкат дар нишаст вазирони корҳои хориҷаи панҷ узви СПАД, аз ҷумла Русия, ба Душанбе омадаанд. Дар назар аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони нишаст дидор кунад. Ин нишаст дар пайи он сурат мегирад, ки моҳи гузашта дар марзи […]

Дар Душанбе, имрӯз нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД оғоз шуд. Барои ширкат дар нишаст вазирони корҳои хориҷаи панҷ узви СПАД, аз ҷумла Русия, ба Душанбе омадаанд.

Дар назар аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони нишаст дидор кунад.

Ин нишаст дар пайи он сурат мегирад, ки моҳи гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон-ду узви СПАД муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Маълум нест, ки то куҷо ин масъала дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ баррасӣ мешавад. 

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дирӯз, 18-уми май дар як хабарномаи иттилоъ дода буд, ки "дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилалию минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод".

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ соли 1992 таъсис ёфта ва феълан Қирғизистону Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус узви он ҳастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".