Мусофирони 5 рӯз бандмондаи фурудгоҳ: қурбонии баҳси Оҷонсии ҳавонавардӣ ва ширкати «Северный ветер»?

Мӯсои Бобоҳоҷӣ, Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Директории Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода банд мондани  мусофирон ва манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер» – ро шарҳ дод.

“Мақсади асосии боздоштани хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер» ин паст кардани арзиши билет аз ҷониби ин ширкат мебошад. Имрӯз, 17 май дар ҷаласа аз намояндагони ширкат даъват карда шуд, ки арзиши чиптаҳоро беасос боло набаранд ва бехатарии парвозҳоро таъмин намоянд”,- гуфт Субҳонзода. 

Ҳамчунин Субҳонзода вобастагии манъи парвозҳоро ба ҳаҷми бузург доштани ҳавопаймоҳои ширкати «Северный ветер» чунин тавзеҳ дод.

 “Пеш аз оғози парвозҳо ва ба нақша гирифтани парвоз, талаботи фурудгоҳ ба инобат гирифта мешаванд ва истифодаи ин ё он ҳавопаймо ҳангоми иҷрои парвозҳо бо фурудгоҳ мувофиқа мешаванд. Агар аз лиҳози бехатарии парвозҳову хати нишасту парвоз, фурудгоҳ имкони қабули ин ё он ҳавопаймои бузургҳаҷмро дошта бошад, пас аз ин, дар бораи истифодаи ҳавопаймои калонҳаҷм тасмим гирифта мешавад.

«Оҷонсӣ натавонист асоснок кунад, ки чаро парвозҳоро боз дошт»

Сироҷиддин Азизов, намояндаи ваколатдори ширкати “Северный ветер” дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Оҷонсӣ натавонист ба онҳо шарҳ диҳад, ки чаро  парвозҳои барҳоли онҳоро боз дошт.

«Дар оғоз ба мо гуфтанд, ки мусофиронро бо ҳавопаймоҳои бузург бикашонем, зеро мусофирон хеле зиёданд. Ширкат барои анҷом додани парвозҳо ҳавопаймои Боинг 777 ҷудо кард, аммо дар посух ба ин мо аз Оҷонсӣ дастури манъ парвозҳоро бидуни асос дарёфт кардем. Мақомоти ҳавонавардии кишвар ҳеч натавонистанд, ки инро асоснок кунанд. Ягона чизе, ки онҳо гуфтанд, ин аст, ки фурудгоҳҳои мо наметавонанд ҳавопаймоҳои бузургҳаҷмро бипазиранд,-мегӯяд Азизов. Аммо, –  мудирони фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ба мо таъйид карданд, ки онҳо метавонанд ҳавопаймоҳои моро бипазиранд. Агар мавзъу танҳо марбут ба номувофиқатии қоидаҳои бехатарӣ мебуд, пас барои мо иҷозаи ду парвози дигарро намедоданд. Мусофирон зиёданд, аз ин рӯ мо ҳавопаймоҳоеро истифода мекунем, ки 440 мусофирро ҳамлу нақл мекунанд”.

Намояндаи ваколатдори “Северный ветер” ҳамчунин таъкид кард, ки онҳо дар ҷаласаи  Оҷонсии ҳавонавардӣ ширкат накарданд, зеро даъват нашуда буданд.

«Имрӯз, 17-уми май мо бояд як парвози дигар аз Бохтар ба Шереметово меоштем, ки барои он ҳам ба иҷоза надоданд. Мусофирон дар фурудгоҳ мунтазиранд ва мо ҳам мунтазири посухи Оҷонсии ҳавонавардӣ ҳастем”,-гуфт Азизов.

Ба гуфтаи Сироҷиддин Азизов, дар ширкате онҳо ҳолатҳое шуд, ки билетҳо бо нархи 10 ҳазору 800 сомонӣ ҳам фурӯхта шуданд.

«Як парвози мутаассил ба Иркутск барои охири моҳи май дар нақша буд, мусофирон билетҳоро пештар бо 10 ҳазор сомонӣ харида буданд Вале ин то ҳушдори Оҷонсии ҳавонавардӣ дар бораи пойин бурдани нархҳо буд», – гуфт Азизов.

Мусофироне, ки 5 рӯз банд мондаанд

Бояд гуфт, ки садҳо мусофири ширкати ҳавопаймоии "Северный ветер" беш аз як ҳафта мешавад, ки наметавонанд аз Хуҷанд ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвоз кунанд. Байни садҳо мусофирони бандмонда даҳҳо занон низ ҳастанд. Онҳо дар даст билетҳои аз 9  то беш аз 11 ҳазор сомонӣ доранд. Вале ба далели таъхири парвозҳои барои онҳо норӯшан, болои алафзору давру бари саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд хоб мераванду шабро саҳар мекунанд.

Рустам Раисов як сокини ноҳияи Мастчоҳ ва яке аз мусофирони дармонда мегӯяд, умед дошт рӯзи 13-уми май аз Хуҷанд ба Иркутски Русия парвоз кунад. Ӯ ба мисли садҳо мусофири дигар  давоми шаш рӯзи ахир дар Фурудгоҳи Хуҷанд банд мондааст. Ӯ мегӯяд, масъулини фурудгоҳ гуфтаанд, баъди ду соат, баъди се соат интизор шавед парвоз мекунед, аммо то имрӯз натиҷае нест. Ин мусофир то имрӯз се натиҷаи ташхиси КОВИД-19-ро гирифтааст ва барои ин ташхис 450 сомонӣ сарф кардааст. 

“Одаме ҳаст, ки бояд 9-уми май парвоз мекард, худи ман рӯзи 14-уми май билети парвоз доштам. Аз 14-ум ба 16-ум гузоштанд ва аз 16-ум боз 17-уми май гуфтанд, ҳоло рӯз ба охир мерасад ва чизе маълум нест. Ман бояд ба  Иркутс ва аз он ҷоба ба Краснаярску баъд ба Маскав бояд парвоз мекардам. Билетро 11 ҳазор сомонӣ харидам, то расидан ба Маскав ин маблағ ба 18 ҳазор сомонӣ мерасад. Ин ширкат ягон намоянда надорад, надидем, кормандони фурудгоҳ мебароянд мегӯянд, ки билет ҳаст маълум нест, ки кай парвоз мекунед”.

Фирӯз, мусофир дигар, барои расидан ба яке аз шаҳрҳои Руссия аз шаҳри Ваҳдат ба Хуҷанд омадааст.

“Ман барои ду нафар барои тести КОВИД-19 600 сомонӣ маблағ сарф кардам. Рӯзи 13-ум, баъди намози Иди Фитр омадам. Имрӯз 5 рӯз шуд дар ҳаминҷоем. Аз Ваҳдат 10800 сомонӣ билет харида будам”.

Дар ҳамин ҳол Дилноза Раҳимова яке аз мусофирзани дармонда дар фурудгоҳ аз ноҳияи Деваштич мегӯяд онҳо низ дар қатори мардон чанд рӯзи ахир интизори парвоз ҳастанд. Вай мегӯяд  масъулини фурудгоҳ ба онҳо гуфтаанд барои парвоз ҷавоби масъулини  ширкати ҳавопаймоии "Северный ветер"-ро интизоранд, ки то ҳол наомадааст.

Ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер"  бояд  дар ин ҳама рӯз аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Қазон, Иркутск, Перм, Уфа ва аз Душанбе ба Санкт-Петербургу Қазону Маскав парвоз анҷом медод.

Дар лаҳзаҳое, ки матлаб нашр мешуд аз маркази матбуотии Фурудгоҳи Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “шаби 17-уми май ҳавопаймои ширкати "Северный ветер" соати 21:50 дар хатсайри Хуҷанд-Перм парвоз мекунад. Парвози дуюмро соати 00:40-и 18-уми май дар хатсайри Хуҷанд-Иркутск ширкати ҳавопаймоии “Икар” анҷом медиҳад. Дар маҷмуъ ҳудуди 500 нафар парвоз мекунанд”, – гуфтанд аз Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.