Дар Тоҷикистон Бозиҳои миллии варзишӣ доир мегарданд

Дар Душанбе рӯзҳои 22-23 май бо оғози мусобиқаҳо оид ба варзиши сабук Бозиҳои навбатии миллии варзишии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Мувофиқи регламент, ин мусобиқаҳо дар 4 сол 1 маротиба гузаронида мешаванд: бозиҳои пешин солҳои 2010, 2014 ва 2018 доир гардида, лекин имсол тасмим гирифта шуд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ он як сол […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Душанбе рӯзҳои 22-23 май бо оғози мусобиқаҳо оид ба варзиши сабук Бозиҳои навбатии миллии варзишии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Мувофиқи регламент, ин мусобиқаҳо дар 4 сол 1 маротиба гузаронида мешаванд: бозиҳои пешин солҳои 2010, 2014 ва 2018 доир гардида, лекин имсол тасмим гирифта шуд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ он як сол пештар гузаронида шавад.

Дар барномаи мусобиқаҳо дар маҷмӯъ 15 навъи варзиш зикр шудааст. Соли 2018 варзишгарон дар 10 навъ рақобат карда буданд.

Имсол ба барномаи мусобиқа навъҳои нав, аз ҷумла карате, шиноварӣ, гандбол (тӯббозии дастӣ), қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, камонварӣ дохил шуданд.

Қисмати зиёди мусобиқаҳо дар Душанбе доир гардида, шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд ва Кӯлоб як навъи варзиши ин мусобиқаро қабул мекунанд.

Тақвими мусобиқа:

22-23 май. Варзиши сабук. Душанбе.

1-2 июн. Гӯштингирӣ. Душанбе.

3-4 июн. Гӯштини тарзи классикӣ. Душанбе.

3-4 июн. Карате. Душанбе.

5-6 июн. Шиноварӣ. Душанбе.

7-8 июн. Гӯштини тарзи озод. Душанбе.

9-10 июн. Дзюдо. Душанбе.

9-10 июня. Таэквондо. Душанбе.

10-14 июн. Волейбол (занон). Хоруғ.

11-12 июн. Самбо. Душанбе.

12-13 июн. Вазнбардорӣ. Кӯлоб.

13-17 июн. Гандбол. Душанбе.

18-22 июн. Баскетбол (мардон). Душанбе.

23-27 июн. Волейбол (мардон). Душанбе.

24-25 июн. Қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ. Душанбе.

25-29 июн. Бокс. Душанбе.

28-29 июн. Камонварӣ. Хуҷанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.