ИМА ба Исроил бо 735 миллион доллар силоҳ мефурӯшад

Вашингтону Урушалим ба як тавофуқе даст ёфтаанд, ки ИМА дар пасманзари даргириҳои Исроилу Фаластин ба Исроил бо қимати 735 миллион доллар силоҳ мефурӯшад. Дар ин бора Jerusalem Post 17-уми май хабар дод. Ин тавофуқ аз сӯйи раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден ҳам пазируфта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи The Washington Post ҳам навиштааст. Нашрия навиштааст, бархе аз демократҳои Конгресси ИМА аз фурӯши […]

Asia-Plus

Вашингтону Урушалим ба як тавофуқе даст ёфтаанд, ки ИМА дар пасманзари даргириҳои Исроилу Фаластин ба Исроил бо қимати 735 миллион доллар силоҳ мефурӯшад. Дар ин бора Jerusalem Post 17-уми май хабар дод.

Ин тавофуқ аз сӯйи раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден ҳам пазируфта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи The Washington Post ҳам навиштааст. Нашрия навиштааст, бархе аз демократҳои Конгресси ИМА аз фурӯши аслиҳа ба Исроил нигарон ҳастанд. Ба бовари онҳо, фурӯши аслиҳа метавонад, вазъи Шарқи Наздикро печидатар гардонад.

The Washington Post навиштааст, ки Исроил силоҳҳое дорад, ки дақиқ ба ҳадаф мерасанд. 

Гуфта мешавад, ки дар ин доду гирифт қабл аз ҳама сухан сари мушакҳои дақиқ ва ҷангафзорҳои вижа меравад.

Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза аз 10-уми май то ин замон идома доранд. Мақомоти Фаластин гуфтанд, аз 10 май то имрӯз дар Ғазза 192 кас, аз ҷумла 58 кӯдак ҷон бохтааст. Дар Исроил дар даргириҳо 10 кас фавтидааст.

То кунун талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарории сулҳ ҳанӯз натиҷае наовардааст. Дирӯз Созмони ҳамкориҳои исломӣ ҳам ҷаласаи изтирории Кумитаи иҷроияашро баргузор кард ва дар он як қатъномае қабул кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.