Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони корҳои хориҷии СПАД мулоқот мекунад

Рӯзи 19 май вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) – Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирдиҳам меоянд. Вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо ва Дабири кулли СААД-ро нимаи аввали рӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли ҷорӣ раёсати Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД-ро бар дӯш дорад, ба ҳузур […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи 19 май вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) – Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирдиҳам меоянд.

Вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо ва Дабири кулли СААД-ро нимаи аввали рӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли ҷорӣ раёсати Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД-ро бар дӯш дорад, ба ҳузур мепазирад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Сипас бо ҳузури вазирони ташрифовардаи кишварҳо дар Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД доир мегардад.

Дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар ҷаласаи мазкур қабули як қатор изҳороти муҳими сиёсии марбут ба ҳамкории СААД бо созмонҳои байнулмилалӣ, тамдиди муҳлати амали СНВ-3 (коҳиши миқдори силоҳи стратегии ҳуҷумӣ) ва 75-солагии Ҳукми Трибунали байнулмилалии ҳарбӣ дар Нюрнберг дар назар аст.

Инчунин Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимсолаи дуюми 2021 – нимсолаи аввали 2022, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсисёбии СААД баррасӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.