Таъсиси нуқтаи муштараки равобит алайҳи қочоқ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо пуштибонии ИМА

Asia-Plus

Дар мавзеъи марзии Пахтаободи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бо пуштибонии ИМА ва СММ Идораи равобити марзии муштарак  алайҳи қочоқ дар роҳи оҳан ташкил шудааст. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Бино ба иитилои манбаъ, ин Идораи робитаҳои марзӣ барои мубодилаи иттилоот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ва гумруки ҳар ду тарафи марз, бо мақсади мубориза бо қочоқи одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қочоқи ғайриқонунӣ, мусоидат мекунад.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, бунёди ин идора 18-уми май ба итмом расид, ки он бо пуштибонии Дафтари байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Дафтари СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ рӯйи кор омад. 

Дар ин ниҳоди нав Нерӯҳои марзбонӣ, Вазорати умури дохила, Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва Дадамоти гумрук, муштаракан кор хоҳанд кард.

Сита Фаррелл, мудири Дафтари байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА гуфтааст, ки пуштибонии ИМА аз амнияти марзии Тоҷикистон идома меёбад ва таъкид кардааст, ки “мо талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо таҳдидҳо ба амният ва соҳибихтиёрӣ ҳимоят хоҳем кард”.

ИМА дар Тоҷикистон аз соли 2012 таъсиси ду идораи равобити марзиро сармоягузорӣ кардааст, ки ҳамакнун ин нахустин нуқтаи сархадии роҳи оҳан дар Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешаванд ин идора нахустин нуқтаи муштараки равобити марзӣ дар Осиёи Марказӣ низ мебошад.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, ки аз соли 2002 инҷониб, ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон, барои пуштибонии бахши амният, беш аз 300 миллион доллар кумак намудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...