Таъсиси нуқтаи муштараки равобит алайҳи қочоқ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо пуштибонии ИМА

Дар мавзеъи марзии Пахтаободи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бо пуштибонии ИМА ва СММ Идораи равобити марзии муштарак  алайҳи қочоқ дар роҳи оҳан ташкил шудааст. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.  Бино ба иитилои манбаъ, ин Идораи робитаҳои марзӣ барои мубодилаи иттилоот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ва гумруки ҳар ду тарафи марз, бо мақсади […]

Дар мавзеъи марзии Пахтаободи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бо пуштибонии ИМА ва СММ Идораи равобити марзии муштарак  алайҳи қочоқ дар роҳи оҳан ташкил шудааст. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Бино ба иитилои манбаъ, ин Идораи робитаҳои марзӣ барои мубодилаи иттилоот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ва гумруки ҳар ду тарафи марз, бо мақсади мубориза бо қочоқи одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қочоқи ғайриқонунӣ, мусоидат мекунад.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, бунёди ин идора 18-уми май ба итмом расид, ки он бо пуштибонии Дафтари байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Дафтари СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ рӯйи кор омад. 

Дар ин ниҳоди нав Нерӯҳои марзбонӣ, Вазорати умури дохила, Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва Дадамоти гумрук, муштаракан кор хоҳанд кард.

Сита Фаррелл, мудири Дафтари байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА гуфтааст, ки пуштибонии ИМА аз амнияти марзии Тоҷикистон идома меёбад ва таъкид кардааст, ки “мо талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо таҳдидҳо ба амният ва соҳибихтиёрӣ ҳимоят хоҳем кард”.

ИМА дар Тоҷикистон аз соли 2012 таъсиси ду идораи равобити марзиро сармоягузорӣ кардааст, ки ҳамакнун ин нахустин нуқтаи сархадии роҳи оҳан дар Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешаванд ин идора нахустин нуқтаи муштараки равобити марзӣ дар Осиёи Марказӣ низ мебошад.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, ки аз соли 2002 инҷониб, ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон, барои пуштибонии бахши амният, беш аз 300 миллион доллар кумак намудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.