Бо дастгирии ҳукумати Ҷопон 5 деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ ба оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуд

Иттилоияи расмӣ

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки рӯзи 20 май дар маросими анҷом ёфтани  «Лоиҳаи беҳтар намудани системаи хати оби нушокӣ дар 4 деҳаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рудакӣ» иштирок намуд. Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP)” амалӣ гардид.

Ҳукумати Ҷопон ба филиали Ассотсиатсияи Оксфам дар Тоҷикистон барои насби лӯлаҳо барои оби ошомиданӣ ва чоҳи нигаҳдории об ба микдори 86 ҳазору 100 доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд.  Лоиҳа дар 5 деҳаҳо амалӣ шуд: Оли Сомон-1, Оли Сомон-2, Иқбол-1, Шараф-3 ва Кишоварз.

Қабл аз татбиқи лоиҳа, сокинони панҷ деҳа аз оби дарё истифода мекарданд, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуд ва аз ин сабаб бисёр одамон гирифтори касалиҳои сироятӣ мегаштанд, ки сатҳи фавти мардуми маҳаллиро, алахусус кӯдакон ва пиронсолонро зиёд мекард. Ҳангоми татбиқи лоиҳа тақрибан 7000 нафар аҳолии панҷ деҳа ба оби софи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Зимни суханронӣ дар маросим сафир қайд намуданд, ки  "Об ҳаёт аст! Оби тоза калиди зиндагии хушсифат аст. Ин лоиҳа сокинонро бо оби тоза ва бехавфи нӯшокӣ таъмин намуда, онҳоро аз бемориҳои тавассути об гузаранда пешгирӣ мекунад. Ташаккур ба ташкилоти “Oxfam” барои кори баландсифат дар сохтани ин системаи аҷиби обрасонӣ. Умедворам, ки тамоми система дуруст нигоҳ дошта мешавад ва ба некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар маросими супоридани лоиҳа дар қатори сокинони маҳаллӣ ва намояндагони ҳукумати маҳаллии ноҳияи Рӯдакӣ,  директори Оксфам дар Тоҷикистон хонум Шовкат Ализадеҳ, директори Дафтари ҳамкории Швейтсария хонум Саломе Штейб, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон Илгар Иброҳимли ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода, низ ширкат варзиданд. Ҳозирин дар навбати худ ба ҳукумат ва мардуми Ҷопон барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

Биноан, Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеъаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 421 лоиҳаро ба маблағи умумии $34,0 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...