Душанбеву Тошканд аломатгузории марзро ба охир мерасонанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон 17-22 май дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатиро дар доираи комиссияи муштараки дуҷонибаи аломатгузорӣ баргузор кардаанд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ин гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти марзи давлатии ҳар ду давлат баррасӣ карда, назарҳоро дар мавриди хатти лоиҳавии аломатгузорӣ ва насби аломатҳои сарҳадӣ дар хатти марзи давлатӣ табодул кардаанд.

Ҳар ду тараф тавофуқ кардаанд, ки корҳои саҳроии аломатгузориро дар марзи умумӣ суръат мебахшанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Душанбеву Тошканд ба гуруҳои корӣ, ки дар ҳайати онҳо заминсанҷҳо (геодезистҳо), нақшабардорҳо, намояндаҳои ВКХ, неруҳои марзбонӣ вориданд, дастур додаанд, ки то охири соли 2021 тартиби насби пояҳои наздимарзиро дар марзи ду давлат ба таври ниҳоӣ тасдиқ кунанд.

Бояд гуфт, ки таъини марзи давлатӣ миёни ду кишвар дар соли 2019 комилан ниҳоӣ шуда буд.

Ҷонибҳо ҳанӯз он замон ба таври хаттӣ дар мавриди хатти марзӣ мувофиқа карда буданд, акнун, дар натиҷаи таъини марзи давлатӣ, дар харитаҳо хатти дақиқи марзи ду давлат нишон дода мешавад.

Созишнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи қисматҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 дар доираи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расида буд.

Парлумони Тоҷикистон ин шартномаро 19 апрели соли 2018 ба тасвиб расонд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, дарозии марзи Тоҷикистону Узбекистон 1332 километрро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...