Тоҷикистону Чин масъалаи “контейнерҳо”-ро дар “Қулма” ҳал карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Чин ба бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ, ки бо онҳо тариқи гузаргоҳи марзии “Қулма” аз Чин ба Тоҷикистон бору маҳсулот оварда мешуд, оғоз намуд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тартиби мазкур дар асоси Протоколи ҷаласаи сеюми Гурӯҳҳои кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад байни Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори синзян-Уйғури Чин амалӣ мегардад.

Акнун контейнерҳо ба таҳвилгарони тоҷик фурӯхта нашуда, ба шарикони Чин бозпас баргардонида мешавад.

Вазорат ба таваҷҷуҳи интиқолдиҳандагони ватанӣ мерасонад, ки аз 17 майи соли ҷорӣ ҷониби Чин контейрнерҳои холии дар ҳамлу нақли автомобилӣ истифодашавандаро, ки бо бор ба Тоҷикистон оварда шудаанд, бозпас қабул мекунад.

“Дар робита ба маҳдудият ҳангоми паҳншавии бемории ҳамагири  COVID-19 соли   гузашта бо кантейнерҳое, ки  аз Чин ба кишвари мо бор оварда мешуд, бозпас гирифта  намешуданд ва бори навбатиро бо контейнери нав меоварданд, – таъкид мешавад дар хабари Вазорат. – Ҳоло барои бозпас гирифтани онҳо аз интиқолдиҳандагон иҷозат дода  шуд”.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январи соли гузашта бо сабаби вируси нав сарҳад баста шуд. Баъдан гардиши мол тариқи “Қулма” барқарор шуда, лекин шартҳо тағйир ёфтанд: ба овардани бор то сарҳади Тоҷикистон худи чиниҳо машғул шуданд.

Дар ҳамин ҳол, зимни қабулу интиқоли бор боргирандагони тоҷик бояд алоҳида маблағи контейнерро пардохт мекарданд ва нархи воқеии он ба гуфтаи онҳо, зиёда аз 5 баробар болотар муқаррар мешуд.

Мушкили мазкур охири моҳи апрел дар ҷараёни ҷаласаи Гурӯҳи кории муштарак, ки ба таври маҷозӣ доир гардид, роҳи ҳалли худро ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...