Дар Истаравшан бо дастгирии Ҷопон маркази хизматрасонии калонсолон муҷаҳҳаз гардид

Иттилоияи расмӣ

Рӯзи 26 май сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки бо Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан дар маросими анҷом ёфтани  “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизот барои маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан ба номи Имомназар Худойназаров” иштирок карданд.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP)” амалӣ гардид. Барои муҷаҳҳазгардонии маркази минтақавии хизматрасонии калонсолон ва маъюбон ба номи Имомназар Худойназаров грант ба маблағи 10,052 доллари ИМА ҷудо карда шуд. Пас аз анҷоми бомуваффақияти лоиҳа, корбарони марказ имконият пайдо карданд, ки хизматҳои беҳтари иҷтимоӣ гиранд.

Қабл аз татбиқи лоиҳа, марказ аз сабаби набудани таҷҳизот барои нигоҳдории мунтазам ва дурусти маҳсулот ва хизматрасонӣ барои меҳмонони марказ ба мушкилот дучор омад. Таҷҳизоти мавҷуда аллакай фарсуда буданд ва бо ивазшави ниёз доштанд. Пас аз татбиқи лоиҳа меҳмонони марказ ба таҷҳизоти нав дастрасии озод пайдо намуданд ва акнун, сифати пухтупаз ва нигоҳдории хӯрок беҳтар хоҳад шуд.

Зимни суханронӣ дар маросим Мияшита қайд намуд, ки:  «Калонсолон ва маъюбон дар ҷомеа ба диққат ва ҳимояи махсус ниёз доранд. Ман нақши ин марказро аз ин нуқтаи назар бисёр қадр мекунам. Ман мехоҳам ба ҳамаи кормандони ин марказ, ки барои беҳбудии манфиатбарандагони марказ кушиши зиёд мекунанд, миннатдориамро баён намоям. Ин лоиҳа пеш аз ҳама иқтидори ошхонаро беҳтар мекунад. Ман боварӣ дорам, ки ҳар як хӯроки гарми дар ин ҷо омодашуда ҳамаи одамони ин марказро солим ва хушбахттар мекунад».

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад.

Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 380 лоиҳаро ба маблағи умумии $30,7 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...