Дар Истаравшан бо дастгирии Ҷопон маркази хизматрасонии калонсолон муҷаҳҳаз гардид

Рӯзи 26 май сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки бо Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан дар маросими анҷом ёфтани  “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизот барои маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан ба номи Имомназар Худойназаров” иштирок карданд. Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP)” амалӣ гардид. Барои муҷаҳҳазгардонии маркази […]

Иттилоияи расмӣ

Рӯзи 26 май сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки бо Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан дар маросими анҷом ёфтани  “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизот барои маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан ба номи Имомназар Худойназаров” иштирок карданд.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP)” амалӣ гардид. Барои муҷаҳҳазгардонии маркази минтақавии хизматрасонии калонсолон ва маъюбон ба номи Имомназар Худойназаров грант ба маблағи 10,052 доллари ИМА ҷудо карда шуд. Пас аз анҷоми бомуваффақияти лоиҳа, корбарони марказ имконият пайдо карданд, ки хизматҳои беҳтари иҷтимоӣ гиранд.

Қабл аз татбиқи лоиҳа, марказ аз сабаби набудани таҷҳизот барои нигоҳдории мунтазам ва дурусти маҳсулот ва хизматрасонӣ барои меҳмонони марказ ба мушкилот дучор омад. Таҷҳизоти мавҷуда аллакай фарсуда буданд ва бо ивазшави ниёз доштанд. Пас аз татбиқи лоиҳа меҳмонони марказ ба таҷҳизоти нав дастрасии озод пайдо намуданд ва акнун, сифати пухтупаз ва нигоҳдории хӯрок беҳтар хоҳад шуд.

Зимни суханронӣ дар маросим Мияшита қайд намуд, ки:  «Калонсолон ва маъюбон дар ҷомеа ба диққат ва ҳимояи махсус ниёз доранд. Ман нақши ин марказро аз ин нуқтаи назар бисёр қадр мекунам. Ман мехоҳам ба ҳамаи кормандони ин марказ, ки барои беҳбудии манфиатбарандагони марказ кушиши зиёд мекунанд, миннатдориамро баён намоям. Ин лоиҳа пеш аз ҳама иқтидори ошхонаро беҳтар мекунад. Ман боварӣ дорам, ки ҳар як хӯроки гарми дар ин ҷо омодашуда ҳамаи одамони ин марказро солим ва хушбахттар мекунад».

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад.

Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 380 лоиҳаро ба маблағи умумии $30,7 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.