Вазорати хориҷаи Тоҷикистон: аз ҳама намуди сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунед

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба тасмими ҷониби Қирғизистон дар мавриди комилан қатъ кардани равуои марзӣ, аз шаҳрвандони кишвар мехоҳад, ки аз ҳама намуди сафар ба ин кишвар ва ё убури тронзитӣ ба кишварҳои дигар тавассути қаламрави ин кишвар, даст кашанд. 

"Аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, изҳори хоҳиш мегардад, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд",-омадааст дар ҳушдори ин вазорат.

 

Бояд гуфт, ки бар асоси қарори Девони вазирони Қирғизистон аз 21-уми май ин кишвар то поёни ҳалли ҳама гуна баҳсҳои марзӣ рафуои марзиро бо Тоҷикистон комилан қатъ кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин " қарори Девони  Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон №12-р аз 21 майи соли 2021, бидуни огоҳии пешакӣ қабул шуд".

Вазорат ба шаҳрвандон гуфтааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони мо дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек аз рӯи хатти алоқаи доимии рақамҳои +996500442211 ва +996312511637 муроҷиат кунанд.

 

Ҳарчанд баъд аз оғози пандемия марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар рӯйи якдигар баста шуда буд, аммо бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ мошинҳои боркашон иҷоза доштанд ва бархе шаҳрвандони Тоҷикистон зимни баргашт аз Русия ва ё рафтан ба кишварҳои дигар аз қаламрави ин кишвари ҳамсоя истифода мекарданд. 

Вале тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон аз 21 май равуои марзӣ барои Тоҷикистон тавассути қаламрави  Қирғизистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шудааст.

Рӯзи 26-уми май марзбонони ин кишвар наздики 200 мусофири ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-ро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд иҷоза надоданд, ки дар фурудгоҳи Бишкек вориди ин кишвар шаванд ва ширкатро маҷбур карданд, ки мусофиронашро бозпас ба Душанбе биоварад.

Хабаргузории қирғизии АКИпресс бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки убуру мурури  воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон аз  гузаргоҳҳои "Кулунду”, "Қайрағач”, "Қизил-Бел”, "Бордебо” ва "Қарамиқ", ки дар қисмати марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҷойгир аст, маҳдуд шудааст.

Ин маҳдудият ба намояндагиҳои дипломатии Қирғизистону Тоҷикистон ва аъзои хонаводаи онҳо, кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва аъзои хонаводаашон, ҳамчунин ба шахсони мансабдори Қирғизистону Тоҷикистон, ки пешакӣ бо таъйиди мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қирғизистон сафар мекунанд.

Ҳамзамон дар ин қарор гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ҳастанд метавонанд ба ҳудуди кишвари якдигар баргарданд.

25-уми май раиси Девони вазирони Қирғизистон, Улуғбек Марипов дар мулоқот бо сокинони деҳаи марзии Чон Алайи вилояти Ӯш дар бораи комилан қатъ шудани равуои марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон то ҳалли комилаи масъалаҳои сарҳадӣ, хабар дода буд.

Дар муноқишаи хунини рӯзҳои 28-29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду ҷониб беш аз 50 нафар кушта ва беш аз 300 нафар маҷруҳ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...