Раҳматилло Зойиров аз мақоми раиси ҲСДТ канор рафт. Муовини аввалаш розӣ нест

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров аз мансабаш истеъфо дод. Дар ин бора худи Зойиров ба “Азия-Плюс” хабар дод. Сабаби истеъфояшро ӯ мушкили доштааш бо саломатӣ унвон кард. “Аз соли 1999 ба ҳизб роҳбарӣ мекунам ва то имрӯз раиси ивазнашавандаи он будам. Гуфтаниам, ки дар навбати аввал барои вазъи солимиам ба истеъфо меравам. Солҳои […]

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров аз мансабаш истеъфо дод. Дар ин бора худи Зойиров ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Сабаби истеъфояшро ӯ мушкили доштааш бо саломатӣ унвон кард.

“Аз соли 1999 ба ҳизб роҳбарӣ мекунам ва то имрӯз раиси ивазнашавандаи он будам. Гуфтаниам, ки дар навбати аввал барои вазъи солимиам ба истеъфо меравам. Солҳои ахир аз дарди пой азият мекашам. 9 майи ҳамин сол тасмим гирифтам, ки истеъфо дода, ба муолиҷа машғул мешавам”, – гуфт раиси ҳизб.

Ба гуфтаи Зойиров, ӯ ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 ҳамсафонашро аз истеъфо ва интихоби раиси нави ҳизб огоҳ кардааст. Масъала бояд дар анҷумани навбатии моҳи март ҳал мешуд, лекин бо сабаби дар хориҷа, аз ҷумла Русия қарор доштани фаъолони ҳизб анҷуман баргузор нашудааст.

“Акнун мо қисмати аввали анҷуманро гузаронида, ман ҳисобот додам ва маро озод карданд. Қисмати дуюмро оид ба интихоби раиси нав дар асоси алтернативӣ ва озмун бо қарори шӯрои сиёсӣ қабул мекунанд. Таърихи баргузориаш баҳор ё тобистон таъин мешавад, то ки ба ҳамсафон аз Русия омадан осон шавад”, – иброз дошт Зойиров.

Айни замон то анҷумани интихоботӣ вазифаи раиси ҲСДТ муваққатан ба дӯши Қиёмиддин Азизов вогузор шудааст.

Муовини аввали раис бо ин қарор розӣ нест

Дар ҳамин ҳол, муовини авввали раиси ҲСДТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, изҳороти Зойиров дар бораи истеъфо мухолифи Оинномаи ҳизб аст.

“Раҳматилло Зойиров ҳамчун номзади улуми ҳуқуқшиносӣ дар бораи назария ва таҷрибаи сохтори ҳизбӣ тасаввурот дорад. Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи оинномаи ҳизб, дар ҳолати беморӣ ё дигар сабабҳо агар раиси ҳизб раҳбариро пеш бурда натавонад, иҷрои уҳдадориҳои ӯ ба дӯши муовини аввал вогузор мегардад. Бояд шӯрои сиёсӣ даъват шуда, вазъро омӯзаду таҳлил кунад ва дар бораи даъвати анҷумани ғайринавбатӣ чораҳо андешад”, – гуфт ӯ.

Ӯ ба он изҳори шубҳа кард, ки оё шӯрои сиёсӣ дарвоқеъ ҳам бо аризаи раиси ҳизб ва далелҳои он шинос шудааст ё не.

“Намедонам кадом ҳолатҳо ба Раҳматилло Зойиров таъсир кардааст, лекин қарори ӯ ба манфиатҳои интизоми дохилиҳизбӣ ҷавобгӯ нест”, – гуфт Ҳакимов.

Дар навбати худ Раҳматилло Зойиров зикр кард, ки анҷуман баргузор шуда, ӯ махсус муовини аввали худро ба он даъват накардааст.

“Ман Шокировро махсус ба анҷуман даъват накардам, чунки ӯ яке аз довталабони алтернативӣ аст. Ман гуфтам, ки “довталабони алтернативӣ иҷрокунандаи вазифаи раис намешаванд”. Барои ҳамин ин ҷавон то анҷумани интихоботӣ раиси ҳизб мешавад. Бигзор Шокирҷон ба анҷумани навбатии ҳисоботӣ омода шавад”, – изҳор дошт Зойиров.

Худи Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки Оинномаи ҲСДТ барои ҳизб қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва дар он масоили иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб дар сурати зарурат саҳеҳан танзим шудааст.

“Ғайр аз ин, ман дар шаҳри Душанбе қарор дошта, се истгоҳ дуртар аз қароргоҳи мақоми оинномавии ҳизб зиндагӣ мекунам. Аз ин рӯ, метавон хеле шубҳа кард, ки оё ҳақиқатан ҳам шӯрои сиёсии ҳизб баргузор шуда, дар он шумори зарурии аъзои ҳизб (форум) ҳузур доштанд ё не. Ба фикрам, ин ҷо кадом моҷароест, ки ба тағйири афзалиятҳои ҳизб равона шудааст. Шояд ягон муомилоти хариду фурӯш шуда бошад. Аз ин рӯ, меъёрҳои Оиннома қотеъона риоя нашуда, ҳеҷ зарурате набуд, ки бо нодида гирифтани қоидаҳои муқарраршуда шахси маъруфияташ начандон зиёд иҷрокунадаи вазифаи раис таъин шавад. Ин зарба ба нуфузи ҳизби мо равона шудааст”, – илова кард Ҳакимов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.