Дар як рӯз дар Роштқалъа 2 нафар ғарқ шудааст

Давоми як шабонарӯз дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ду сокини маҳаллӣ яке дар дарёву дигарӣ дар ҷӯй ҳалок шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ, субҳи 25 май сокини 65-солаи деҳаи Заниз, падари 7 фарзанд ба кадом сабаби номаълум худро дар оби дарёи Шоҳдара ғарқ кардааст. “Аҳолии деҳа ҷасади марҳумро пайдо ва аз об берун […]

Давоми як шабонарӯз дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ду сокини маҳаллӣ яке дар дарёву дигарӣ дар ҷӯй ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ, субҳи 25 май сокини 65-солаи деҳаи Заниз, падари 7 фарзанд ба кадом сабаби номаълум худро дар оби дарёи Шоҳдара ғарқ кардааст.

“Аҳолии деҳа ҷасади марҳумро пайдо ва аз об берун оварда, ба соҳибонаш супрдаанд”, – омадааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, бегоҳии ҳамин рӯз як тифли 4-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сежд, деҳаи Навобод  аз беназоратии волидон дар ҷӯйбори назди хонаашон афтидаву ба ҳалокат расидааст. Ин духтарча дар беруни дар танҳо ба бозӣ машғул будааст.

Кумита бори дигар хотиррасон мекунад, ки кӯдаконро эҳтиёт кардан лозим буда, беназоратӣ метавонад оқибати фоҷеабор дошта бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.