Таъини мудирони муваққатӣ дар “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк”

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки барҳам мехуранд, мудирони муваққатӣ таъин кард. Бино ба иттилои БМТ, то таъин шудани мудири махсус аз ҷониби суд “Агроинвестбонк”-ро Даврон Тухтаров ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро Ҷамшед Абдураҳимов идора мекунанд. “Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки барҳам мехуранд, мудирони муваққатӣ таъин кард.

Бино ба иттилои БМТ, то таъин шудани мудири махсус аз ҷониби суд “Агроинвестбонк”-ро Даврон Тухтаров ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро Ҷамшед Абдураҳимов идора мекунанд.

“Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус масъул мебошанд”, – омадааст дар хабари Бонки миллӣ.

Бонки миллии Тоҷикистон барои дастрасии маълумот оид ба раванди барҳамдиҳии бонкҳои мазкур рақамҳои телефони мудиронро дар сомонаи худ ҷойгир намудааст.

“Дар мавриди пайдо шудани саволҳо ва нофаҳмиҳо, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шаванд”, – зикр мешавад дар маълумоти БМТ.

Мувофиқи қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, дар рӯзи қабули қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи бонк БМТ мудири муваққатӣ таъин мекунад.

Худи ҳамон рӯз Бонки миллӣ бо ариза ба суд (дар ин ҳолат – Суди иқтисодии шаҳри Душанбе) муроҷиат менамояд, ки мудири махсус таъин карда, дар бораи маҷбурӣ барҳамдиҳии ташкилот қарор қабул мекунад. Рӯйхати номзадҳо ба вазифаи мудири махсус аз ҷониби Бонки миллӣ пешниҳод мешавад.

Пас аз таъини мудири махсус ҳамаи ваколатҳо оид ба идоракунии ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳҳомон, шӯрои наозирот, раёсат, раис) қатъ гардида, мудири махсус ягона намояндаи қонунии бонк мешавад.

Ҷараёни барҳамдиҳии бонк муҳлати на беш аз ду соли тақвимиро дар бар гирифта, дар сурати зарурат бо дархости мудири махсус суд метавонад онро боз ба муҳлати ду сол дароз кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.