Падидаҳои ҷолиби астрономӣ: тобонтарин аксҳои Моҳи хунин

Рӯзи чоршанбе, 26 май падидаи нисбатан нодири табиӣ – моҳи пурра, рост омадани моҳи пурра ба моҳи нав бо замони наздикшавии бештарини Моҳу Замин ва гирифтани моҳ рух дод. Ин се ҳодисаи астрономӣ дар 12 сол як маротиба дар як рӯз ба амал меояд. Дар вақти пурра шудани Моҳ Замин ба сайёра, ба масофаи камтар […]

Рӯзи чоршанбе, 26 май падидаи нисбатан нодири табиӣ – моҳи пурра, рост омадани моҳи пурра ба моҳи нав бо замони наздикшавии бештарини Моҳу Замин ва гирифтани моҳ рух дод. Ин се ҳодисаи астрономӣ дар 12 сол як маротиба дар як рӯз ба амал меояд. Дар вақти пурра шудани Моҳ Замин ба сайёра, ба масофаи камтар аз 362  ҳазор километр наздик шуд.

Аз ин рӯ, сокинони кишварҳои гуногун Моҳи хеле дурахшону тобон ва дар баъзе ҷойҳо сурху хунинро мушоҳида карданд. Моҳ ранги арғувонӣ (суп-сурх, сурхи баланд) гирифта, ин гуна шакли гирифтани моҳро хунин меноманд, ба туфайли он ки Замин байни Офтобу Моҳтоб гузашта, ба радифи худ сояи бузурге мегузорад.

Пурра гирифтани моҳи ҳозира нахустин аз соли 2019 аст.

Пурра гирифтани моҳро сокинони қораи Амрико, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Австралия дида тавонистанд. Қисман имкон дошт, ки он дар Шарқи Дури Русия ва Камчатка низ мушоҳида шавад.

Чӣ гуна пурра гирифтани моҳро дар вақти воқеӣ дар “Твиттер”-и агентии кайҳонии амрикоии НАСА тамошо кардан имконпазир буд.

Хабаргузориҳои ВВС ва 360tv.ru суратҳои дурахшонтарини Моҳро гирдоварӣ кардаанд, ки аз ҷониби суратгирон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксбардорӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.