НЕРӮИ ЗАН #4: Гулҷаҳон – зане, ки бо пули хиёбонрӯбӣ писари донишҷӯяшро дар Русия мехононад

Ӯ зиндагии чандон ороме надорад. Пастиҳои зиндагиро, зулми шавҳарро бисёр дидааст! Дар ҳавлии хурде, дар як шароити тоқатфарсое умр ба сар мебарад! Вале ӯ кор мекунаду зиндагиро алорағми ҳама мушкилоту душворӣ пеш мебарад. Ин вижагӣ ба назари мо, хоси бисёре аз занони тоҷик аст. Меҳмони нави лоиҳаи “Нерӯи зан” Гулҷаҳон Эшназарова, роҳрӯб, корманди бахши ободонии […]

Ӯ зиндагии чандон ороме надорад. Пастиҳои зиндагиро, зулми шавҳарро бисёр дидааст! Дар ҳавлии хурде, дар як шароити тоқатфарсое умр ба сар мебарад! Вале ӯ кор мекунаду зиндагиро алорағми ҳама мушкилоту душворӣ пеш мебарад.

Ин вижагӣ ба назари мо, хоси бисёре аз занони тоҷик аст.

Меҳмони нави лоиҳаи “Нерӯи зан” Гулҷаҳон Эшназарова, роҳрӯб, корманди бахши ободонии пойтахт – як хиёбонрӯби одӣ нест, балки нафарест, ки намоди шикастнопазириву хонадории зани тоҷик аст.

Бо Гулҷаҳон дар мавриди душвориҳои кор, дар бораи ин ки чӣ гуна дар дили шаб аз сагҳои дайду раҳо шуду чанд пул аз маоши ночизаш пасандоз мекунаду ба ягона писараш, ки дар Русия донишҷӯ аст мефиристад, суҳбат кардем. Ё чӣ гуна дар мавриди донистани забони олмонӣ ва орзуи ба Олмон рафтанаш, ҳарф задем.

Матлаби мазкур бо кумаки мардуми Амрико,  ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯби лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Asia-Plus барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.

Ба сомонаимо https://ap.dc.tj гузашта пулро аз Русия ба Тоҷикистон бе комиссия ва бо қурби расмӣ интиқол диҳед!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.