Боздошти як сокини Душанбе бо гумони интиқоли 2 кг героин ба Маскав

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҳудуди 4 кило героинро дар фурудгоҳи Хуҷанд мусодира намуданд. Дар ҷараёни амалиёти махсус дар қаламрави Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба гумони қочоқи маводи нашъаовар сокини 39-солаи шаҳри Душанбе Масрур Маҳмудов боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентӣ. “Дар дохили ҷомадони бо худ доштаи Маҳмудов махфигоҳи махсусе ба таври […]

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҳудуди 4 кило героинро дар фурудгоҳи Хуҷанд мусодира намуданд.

Дар ҷараёни амалиёти махсус дар қаламрави Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба гумони қочоқи маводи нашъаовар сокини 39-солаи шаҳри Душанбе Масрур Маҳмудов боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентӣ.

“Дар дохили ҷомадони бо худ доштаи Маҳмудов махфигоҳи махсусе ба таври устокорона сохта шуда, аз он 3 килову 860 грамм героин дарёфт шуд, ки ӯ онро бо роҳи ҳавоӣ ба Маскав бурданӣ буд”, – иттилоъ медиҳад маркази матбуотӣ.

Ба иттилои манбаъ, айни замон Маҳмудов ба ҳабс гирифта шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.