Ширкатҳои Тоҷикистон ҳаққи фурӯш дар пойгоҳи онлайни Amazonро дарёфт карданд

Ширкати амрикоии Amazon ба истеҳсолкунандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза дод, ки маҳсулоти худро дар ин бузургтарин майдони фурӯши онлайн ба фурӯш гузоранд. Рӯйхати кишварҳое, ки дар он, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Туркманистон зикр шудаанд, дар сомонаи расмии Amazon ҷой дода шудааст. Ин кишварҳо ба фурӯши маҳсулоти худ дар ин майдон ҳуқуқ […]

Ширкати амрикоии Amazon ба истеҳсолкунандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза дод, ки маҳсулоти худро дар ин бузургтарин майдони фурӯши онлайн ба фурӯш гузоранд.

Рӯйхати кишварҳое, ки дар он, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Туркманистон зикр шудаанд, дар сомонаи расмии Amazon ҷой дода шудааст. Ин кишварҳо ба фурӯши маҳсулоти худ дар ин майдон ҳуқуқ пайдо намудаанд.

То ин дам дар Amazon сабти аккаунтҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ имконпазир буд, лекин истеҳсолкунандагони минтақа ба фурӯши маҳсулот дар ин платформа ҳуқуқ надоштанд. Ҳамчунин барои ба кишварҳои минтақа расонидани харидашон имкон мавҷуд надошт.

Акнун барои сабт дар ин платформа пешниҳоди нусхаи шиноснома, корти қарзии амалкунанда, суратҳисоби бонкӣ, рақами телефон ва маълумот дар бораи пардохти андоз лозим аст. Пас аз бақайдгирӣ сабти ҳисобгиришуда фаъол гардида, майдонҳои ҷаҳонии савдо ба истеҳсолкунанда дастрас мешаванд.

Ширкати фаромилии Amazon бузургтарин дар ҷаҳон платформаи тиҷорати электронӣ мебошад. Қароргоҳи ширкат дар шаҳри амрикоии Сиэтл (штати Вашингтон) воқеъ аст.

Ширкат соли 1994 аз ҷониби Ҷефф Безос ба сифати интернет-мағозаи фурӯши китобҳо таъсис дода шуд. Баъдан ба фурӯши маҳсулоти ҳархела, аз ҷумла видео, МР3, таъминоти барномавӣ, электроника, сарулибос, мебел, хӯрок ва ғайра оғоз намуд.

Айни замон ширкат дорои воҳидҳои нашриётии Amazon Publishing, киностудияи Amazon Studios буда, хатҳои электроникаи маишӣ истеҳсол мекунад. Сомонаҳои ҷудогонаро барои баъзе кишварҳо дастгирӣ намуда, расонидани байнулмилалии чанде аз маҳсулоти худро ба дигар кишварҳо пешниҳод менамояд.

Тибқи фарзияи Forbes, Ҷефф Безос сарватмандтарин шахси дунё аст. Моҳи январи соли 2021 дороии ӯ 187 млрд доллар арзёбӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.