Ҷопон бунёди Марказ барои кудакони имконияташон маҳдудро дар Хуҷанд ба анҷом расонид

Имрӯз, 27 май сафири Ҷопон дар Тоҷикистон,    Мияшита Такаюки бо Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар маросими анҷом ёфтани  “Лоиҳаи сохтмони Маркази барқарорсозӣ барои кудакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд” иштирок карданд. Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP)” амалӣ гардид. Кӯмаки грантӣ ба маблағи 88.515 доллари ИМА ба […]

Иттилоияи расмӣ

Имрӯз, 27 май сафири Ҷопон дар Тоҷикистон,    Мияшита Такаюки бо Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар маросими анҷом ёфтани  “Лоиҳаи сохтмони Маркази барқарорсозӣ барои кудакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд” иштирок карданд.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP)” амалӣ гардид. Кӯмаки грантӣ ба маблағи 88.515 доллари ИМА ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои бунёди марказ дода шуд, ки дар он кӯдакони маъюб кумаки босифат гирифта аз расмиёти барқарорсозӣ мегузаранд. Дар ин маросим инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони тиб ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.

Қабл аз татбиқи лоиҳа, кӯдакони имконияташон маҳдуд ба чунин марказ барои барқарорсозии дарозмуддат ва аз расмиёти табобатӣ гузаштан ниёз доштанд. Ҳадафи асосии ин марказ баланд бардоштани сатҳи зиндагии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва расонидани хидматҳои баландсифати иҷтимоӣ ба онҳо мебошад.

Ҳоло, марказ барои ҷалби тақрибан 500 кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ҳама намудҳои машқҳои терапияи ҷисмонӣ шароит фароҳам оварда ҳамчунин барои баланд бардоштани савияи дониши, онҳо бо синфхонаи таълими таъмин менамояд.

Зимни суханронӣ дар маросим, сафир зикр кард, ки:

«Ман тамоми шаҳрвандони шаҳри Хуҷандро бо ба итмом расидани аввалин маркази барқарорсозии кӯдакони имконияташон маҳдуд табрик мегӯям. Ман сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти ҳифз ва таблиғи маъюбон хеле қадр мекунам. Ҳамчунин, ин марказ маънои рамзӣ низ дорад. Мо аз номи Ҳукумати Ҷопон шарафмандем, ки ҳамроҳи шумо дар роҳи сафар ба оянда, ки дар он ҳама якҷоя, аз ҷумла шахсони маъюб кор карда якҷоя хушбахтона зиндагӣ мекунанд, ширкат варзем».

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 425 лоиҳаро ба маблағи умумии $34,3 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.