Дар Ашт мактаб ва кӯчаеро ба ифтихори профессор Камолиддинов забоншиноси маъруф номгузорӣ карданд

Мавзуна Абуллоева, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ашт ба ифтихори забоншиноси варзидаи тоҷик, профессор Бариддин Камолиддинов кӯча ва мактаберо номгузорӣ карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” фарзандони марҳум Камолиддинов хабар доданд.

Баҳриддин Камолиддинов аз забоншиносони маъруфи тоҷик ва устодони хушноми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки соли гузашта дар авҷи бемории ҳамагири вируси куруно дар синни 85-солагӣ даргузашт.

Кӯча дар маркази деҳаи Понғоз, дар ҷойе, ки профессор Камолиддинов зода ва бузург шудааст, номгузорӣ шуд. Гуфта мешавад кӯчаи маркази деҳаро аз даромадгоҳ он то маҳаллаи Бобои Бӯрак ба номи Камолиддинов, расман гузоштанд.

Фариддун Камолиддинов, фарзанди профессор Камолиддинов  ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “мо рӯзи 22 май ба деҳаи Понғоз рафтем. Дар маркази Панғоз, ки падарам зиндагӣ мекарданд маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ сурат гирифт”.

Ҳамчунин ба гуфтаи Парвиз Камолиддинов, дар маҳалаи Гулшани Понғоз мактаби таҳсилоти миёнаи шумораи 37 ҳам ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов гузошта шудааст, ки ҳамаи қарорҳои дахлдор содир шудааст ва рӯзҳои наздик расман маросими он баргузор мешавад.

Баҳриддин Камолиддинов дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо навиштани китобҳои зиёде дар мавзуъҳои доғи забоншиносии тоҷик ва вазъи забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба яке аз донишмандони саршинос табдил шуд.

Ӯ ҳамчунин ҳамеша дар расонаҳо дар мавриди масоили муҳим ва чолишбарангези забон изҳори назар мекард ва ҳузури гстардае дар расонаҳо дошт.

“Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ”, “Услубшиносӣ”,  “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”, “Сухандонон сухан санҷида гӯянд”, “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот”, “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон аз пурхонандатарин асарҳои эшон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...