Дар Ашт мактаб ва кӯчаеро ба ифтихори профессор Камолиддинов забоншиноси маъруф номгузорӣ карданд

Дар ноҳияи Ашт ба ифтихори забоншиноси варзидаи тоҷик, профессор Бариддин Камолиддинов кӯча ва мактаберо номгузорӣ карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” фарзандони марҳум Камолиддинов хабар доданд. Баҳриддин Камолиддинов аз забоншиносони маъруфи тоҷик ва устодони хушноми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки соли гузашта дар авҷи бемории ҳамагири вируси куруно дар синни 85-солагӣ даргузашт. Кӯча дар маркази […]

Мавзуна Абуллоева, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ашт ба ифтихори забоншиноси варзидаи тоҷик, профессор Бариддин Камолиддинов кӯча ва мактаберо номгузорӣ карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” фарзандони марҳум Камолиддинов хабар доданд.

Баҳриддин Камолиддинов аз забоншиносони маъруфи тоҷик ва устодони хушноми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки соли гузашта дар авҷи бемории ҳамагири вируси куруно дар синни 85-солагӣ даргузашт.

Кӯча дар маркази деҳаи Понғоз, дар ҷойе, ки профессор Камолиддинов зода ва бузург шудааст, номгузорӣ шуд. Гуфта мешавад кӯчаи маркази деҳаро аз даромадгоҳ он то маҳаллаи Бобои Бӯрак ба номи Камолиддинов, расман гузоштанд.

Фариддун Камолиддинов, фарзанди профессор Камолиддинов  ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “мо рӯзи 22 май ба деҳаи Понғоз рафтем. Дар маркази Панғоз, ки падарам зиндагӣ мекарданд маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ сурат гирифт”.

Ҳамчунин ба гуфтаи Парвиз Камолиддинов, дар маҳалаи Гулшани Понғоз мактаби таҳсилоти миёнаи шумораи 37 ҳам ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов гузошта шудааст, ки ҳамаи қарорҳои дахлдор содир шудааст ва рӯзҳои наздик расман маросими он баргузор мешавад.

Баҳриддин Камолиддинов дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо навиштани китобҳои зиёде дар мавзуъҳои доғи забоншиносии тоҷик ва вазъи забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба яке аз донишмандони саршинос табдил шуд.

Ӯ ҳамчунин ҳамеша дар расонаҳо дар мавриди масоили муҳим ва чолишбарангези забон изҳори назар мекард ва ҳузури гстардае дар расонаҳо дошт.

“Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ”, “Услубшиносӣ”,  “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”, “Сухандонон сухан санҷида гӯянд”, “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот”, “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон аз пурхонандатарин асарҳои эшон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.