Аввалин минтақаи ройгони Wi-Fi- и МегаФон Тоҷикистон дар Бохтар

Иттилоияи расмӣ

Сокинони шаҳри Бохтар акнун метавонанд аз интернети баландсуръати оператори  имкониятҳои нави рақамӣ истифода баранд. Дар боғи Рӯдакӣ минтақаи ройгони Wi-Fi " Green Bokhtar" аз ширкати "МегаФон Тоҷикистон" фаъолият мекунад.

Чунин туҳфаро ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба сокинони шаҳр ба муносибати 20-солагии фаъолияти худ ҳадя намуд. Дар баробари аввалин минтақаи ройгони Wi-Fi дар вилояти Хатлон, дар боғ лавҳа (стела) бунёд гардид, ки дар наздикии он  истироҳат карда, аксҳои зебо бардоштан мумкин аст. Интернети ба ҳама дастрас барои гӯш кардани онлайн-дарсҳо ё мусиқӣ, тамошои филмҳо, мутолиаи китобҳои электронӣ дар Шабака имконият медиҳад.

Дар чорабинии ифтитоҳи лавҳа (стела) ва минтақаи Wi-Fi сардори шуъбаи идеологияи Ҳукумати шаҳри Бохтар Ҷумъахон МЕХМОНДУСТЗОДА иштирок намуд. «Технологияҳои баланд  қисми ҷудонашавандаи ҳаёти мо гаштанд, бо ёрии Интернет мо мушкилоти бештарро ҳал карда истодаем. Акнун, баъд  аз ифтитоҳи минтақаи Wi-Fi-и МегаФон, сокинони шаҳр на танҳо барои истироҳат, балки барои инкишофидиҳии  худ имкониятҳои нав пайдо карданд", – гуфт ӯ. 

“Имсол ширкати мо 20-умин солгарди худро таҷлил мекунад ва дар кишвар 30-солагии истиқлолияти давлатӣ  ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаҳои муҳим,  мо тасмим гирифтем, ки дар шаҳри Бохтар минтақаи ройгони Wi-Fi ташкил намоем. Қобилияти гузаришии таҷҳизот ба ҳамаи хоҳишмандон имкон медиҳад, ки аз интернети босуръат пурра баҳра баранд: филмҳоро бидуни манъшавӣ тамошо кунанд, китобҳоро боргирӣ намоянд ё ҳуҷҷатҳои кориро фиристанд”, – мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...