Аввалин минтақаи ройгони Wi-Fi- и МегаФон Тоҷикистон дар Бохтар

Сокинони шаҳри Бохтар акнун метавонанд аз интернети баландсуръати оператори  имкониятҳои нави рақамӣ истифода баранд. Дар боғи Рӯдакӣ минтақаи ройгони Wi-Fi " Green Bokhtar" аз ширкати "МегаФон Тоҷикистон" фаъолият мекунад. Чунин туҳфаро ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба сокинони шаҳр ба муносибати 20-солагии фаъолияти худ ҳадя намуд. Дар баробари аввалин минтақаи ройгони Wi-Fi дар вилояти Хатлон, дар боғ […]

Сокинони шаҳри Бохтар акнун метавонанд аз интернети баландсуръати оператори  имкониятҳои нави рақамӣ истифода баранд. Дар боғи Рӯдакӣ минтақаи ройгони Wi-Fi " Green Bokhtar" аз ширкати "МегаФон Тоҷикистон" фаъолият мекунад.

Чунин туҳфаро ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба сокинони шаҳр ба муносибати 20-солагии фаъолияти худ ҳадя намуд. Дар баробари аввалин минтақаи ройгони Wi-Fi дар вилояти Хатлон, дар боғ лавҳа (стела) бунёд гардид, ки дар наздикии он  истироҳат карда, аксҳои зебо бардоштан мумкин аст. Интернети ба ҳама дастрас барои гӯш кардани онлайн-дарсҳо ё мусиқӣ, тамошои филмҳо, мутолиаи китобҳои электронӣ дар Шабака имконият медиҳад.

Дар чорабинии ифтитоҳи лавҳа (стела) ва минтақаи Wi-Fi сардори шуъбаи идеологияи Ҳукумати шаҳри Бохтар Ҷумъахон МЕХМОНДУСТЗОДА иштирок намуд. «Технологияҳои баланд  қисми ҷудонашавандаи ҳаёти мо гаштанд, бо ёрии Интернет мо мушкилоти бештарро ҳал карда истодаем. Акнун, баъд  аз ифтитоҳи минтақаи Wi-Fi-и МегаФон, сокинони шаҳр на танҳо барои истироҳат, балки барои инкишофидиҳии  худ имкониятҳои нав пайдо карданд", – гуфт ӯ. 

“Имсол ширкати мо 20-умин солгарди худро таҷлил мекунад ва дар кишвар 30-солагии истиқлолияти давлатӣ  ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаҳои муҳим,  мо тасмим гирифтем, ки дар шаҳри Бохтар минтақаи ройгони Wi-Fi ташкил намоем. Қобилияти гузаришии таҷҳизот ба ҳамаи хоҳишмандон имкон медиҳад, ки аз интернети босуръат пурра баҳра баранд: филмҳоро бидуни манъшавӣ тамошо кунанд, китобҳоро боргирӣ намоянд ё ҳуҷҷатҳои кориро фиристанд”, – мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.