Насби ҳисобкунакҳои барқии биллингӣ дар Душанбе оғоз шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе амалисозии лоиҳаи озмоишии насби ҳисобкунакҳои барқии бо усули биллинг коркунанда оғоз шуд.

Ҷорисозии низоми автоматишудаи назорат ва баҳисобгирии истифодаи барқ дар Душанбе дар доираи созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ “Авеста Групп”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ “Душанбе Сити”, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 ба имзо расида буд, амалӣ мешавад.

Се ширкати зикршуда дар муддати панҷ соли наздик лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро дар қаламрави шаҳри Душанбе, ки бо усули биллинг кор мекунанд, татбиқ мекунанд, хабар дод ба "Азия-Плюс" як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе.

Бино ба маълумоти ӯ, лоиҳа дар умум 88 млн доллар арзиш дошта, аз ҷумла дар чаҳорчӯби он зиёда аз 250 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқӣ харида мешаванд.

Низоми биллингӣ – низоми автоматишудаи баҳисобгирии хизматрасонӣ, тарофабандии он ва пешниҳоди ҳисоб барои пардохт аст. Ҳисобкунакҳои барқии бо усусли билнг коркунанда ҳамаи маълумоти марбут ба интиқол ва тақсимоти барқро ҷамъоварӣ ва ба ширкати таҳвилгар пешниҳод мекунанд.

Татбиқи лоиҳа охири моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Синои пойтахт оғоз гардида, дар ҷараёни он 95 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқ насб мешаванд.

Ҳисобкунакҳои нави истифодаи барқ дар хонаҳои сокинони Душанбе бепул насб карда мешаванд.

Пас аз татбиқи лоиҳа талафоти техникии барқ дар шабакаҳои барқ аз 19%-и ҳозир мавҷуда то 12% кам мешаванд, чунин мешуморанд барқчиёни пойтахт.

Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ аз 81%-и ҳозира то ба 99% боло меравад.

“Баъди анҷоми лоиҳа сармоягузорон аз ҳисоби коҳиши талафоти барқ дар шабакаҳо, болоравии ҳаҷми ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, инчунин ихтисори ҳайати шахсии нозирон, маблағҳои ба лоиҳа гузоштаашонро пурра бо фоизҳояш бармегардонанд”, – итминон дод манбаъ.

Дар навбати худ, ҳукумати ҷумҳурӣ сармоягузоронро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва фоида, инчунин боҷҳои гумрукӣ дар давраи амалисозии лоиҳа озод мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...