Рафтани муҳоҷирони Тоҷикистон ба Русия 37% кам шудааст

Asia-Plus

Пандемияи коронавирус ва баста шудани сарҳадҳо ба коҳиши назарраси шумори хориҷиён дар Русия боис шуд, хабар медиҳад Коммерсант.

Гуфта мешавад, агар соли 2019 вобаста ба моҳ дар Русия аз 9,6 млн то 11,2 млн нафар хориҷиён қарор доштанд, пас соли 2020 шумори онҳо аз 10,3 млн нафар дар охири моҳи январ то ба 7,1 млн нафар дар охири сол кам шуд.

Соли 2021 коҳиши шумори хориҷиён идома ёфта, ба ҳолати 1 майи шумори шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар 5,66 млн нафарро ташкил дод. Мисли пешин аксарияти ба Русия омадагон шаҳрвандони ИДМ (86%) мебошанд, лекин дар ростои коҳиши теъдоди хориҷиён, соли 2020 шумори хориҷиён  ба сурати умум 39% кам шуд.

Аз ҳама бештар шумори шаҳрвандони Украина ва Молдова – мутаносибан 53% ва 51% ва нисбатан пасттар – шаҳрвандони Қирғизистон (18%), Арманистон (22%) ва Тоҷикистон (35%) кам шудааст.

Нисбат ба соли 2020 дар соли 2021 шумори шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо се баробар кам шуда, пасттарин нишондиҳанда (226 ҳазор) тайи 10 соли ахир аст. Вуруд аз Тоҷикистон 37% ва Қазоқистону Ӯзбекистон – 42% коҳиш ёфтааст.

Ба ҳолати 1 майи соли 2021 шумори муҳоҷирони меҳнатӣ (мақсади вурудашонро ба Русия кор зикр кардаанд) 2,68 млн нафарро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 ба андозаи  35% камтар аст.

Ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатии қонунӣ дар кишвар ҳузурдошта аз шумори умумии ба кор омадагон 75%-ро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи аввал аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷетҳои минтақавӣ аз пардохти маблағи патент 8,91 млрд рубл ворид шудааст (20% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...