Тоҷикистон то соли 2023 бояд се Муоҳидаи дигари Созмони ҷаҳонии Меҳнатро тасвиб кунад

Asia-Plus

Тоҷикистон  дар се соли оянда бояд се Муоҳидаи дигари Созмони ҷаҳонии Меҳнатро ба тасвиб бирасонад.  Ин нукта дар Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустқили Тоҷикистон ва  Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон  зикр шудааст.

Созишномаи геннералӣ дар аввали соли 2021 бо як қарори ҳукумат аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон  барои се сол – 2021-2023 таъйид шудааст.

Акнун бар асоси ин санад Тоҷикистон бояд то соли 2023 се Муоҳидаи дигари Созмони ҷаҳонии Меҳнат – 102 "Дар бораи меъёри ҳадди аққали таъминоти иҷтимоӣ", 167 "Дар бораи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар сохтмон" ва 183 "Дар бораи ҳифзи модар"-ро биомӯзад ва тасвиб кунад.

Ин нуктаро Иброҳим Саидзода, мудири Шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон имрӯз дар як ҷаласаи вижа дар мавриди тавонманд кардани нақши иттифоқҳои касаба дар бахши ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии корманадон зикр кард. Ин нишаст муштаракан аз сӯйи Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон, иттиҳодияи ҷамъияти “Дунёи ҳуқуқ” ва Институти “ҷамъияти кушода” дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд.

Ба гуфтаи Сайидзода бар асоси ин муоҳидаҳо давлат ва дигар корфармоён дар Тоҷикистон вазифадор мешаванд, ки шароити хубтари корро барои коргарон фароҳам кунанд.

Аз ҷумла ӯ гуфт, ки тибқи талаботи Муоҳидаи 183 "Дар бораи ҳифзи модар" минбаъд корхонаҳо вазифадор мешаванд, ки барои модароне, ки кӯдаки ширхора доранд утоқи махсус ҷудо кунанд ва иҷоза диҳанд, ки  модар дар давоми рӯзи корӣ чанд бора тифлашро шир бидиҳад ё аз ӯ парасторӣ кунад. 

Дар Қарори Ҳукумати Тоҷикистон  дар бораи таъйиди  ин созишномаи генералӣ гуфта шудааст, ки  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ  бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттҳодияи корфармоёни Тоҷикистон назорати иҷрои  созишномаи генералиро  ба роҳ монад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...