Дар Бохтар аввалин форуми байниминтақавии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар рӯзи 9 июн аввалин форуми байниминтақавии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Дар кори форум намояндагони ҳукуматҳои ҳар ду кишвар, роҳбарони минтақаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин тоҷирони кишварҳои ҳамсоя ширкат меварзанд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни кори форум қарордодҳо дар бораи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар рӯзи 9 июн аввалин форуми байниминтақавии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар кори форум намояндагони ҳукуматҳои ҳар ду кишвар, роҳбарони минтақаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин тоҷирони кишварҳои ҳамсоя ширкат меварзанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни кори форум қарордодҳо дар бораи амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва созишномаҳои тиҷоратӣ баррасӣ мешаванд, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинӣ имзояшон дар назар аст,.

Дар назар аст, ки ҳайати кишвари ҳамсоя аз минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Панҷ” боздид хоҳад кард.

Изҳори итминон шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба иҷрои ҳадафи гузошташуда – дар ояндаи наздик то ба 1 млрд доллар расонидани савдои дуҷониба байни кишварҳо имкон медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.