Тоҷикистону Ӯзбекистон дар дарёи Зарафшон ду НБО-и арзишаш 552 млн доллар месозанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ӯзбекистону Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон ду неругоҳи барқи обӣ (НБО) месозанд.

Дар мусоҳиба бо хабаргузории Kun.uz вазири энергетикаи Ӯзбекистон Алишер Султонов дар ин робита изҳор намудааст, ки сохтмони неругоҳҳо дар ду марҳила ба нақша гирифта шудааст.

“Дар навбати аввал НБО Ёвон сохта мешавад, ки дар як сол 800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мекунад, иброз доштааст ӯ. – Арзиши пешакии ин неругоҳ бо иқтидори 140 МВТ 282 млн доллар арзёбӣ мешавад”.

Ба гуфтаи вазир, дар марҳилаи дуюм имкони сохтмони НБО “Фондарё”, ки дар як сол ба ҳисоби миёна 600 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мекунад, мавриди омӯзиш қарор мегирад.

“Барои бунёди ин неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 135 МВт 270 млн доллар маблағ зарур аст”, – гуфтааст вазир.

Султонов таъкид доштааст, ки барои амалисозии ин лоиҳаҳо ҷамъияти саҳҳомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсис дода мешавад.

Вазир инчунин гуфтааст, маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо аз ҳисоби қарз ва грантҳои ниҳодҳои байнулмитлалии молиявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои худии ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

“Ин неругоҳҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон 1,4 млрд кВт/соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол хоҳанд кард”, – илова кардааст Алишер Султонов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...